Гурӯҳе, ки занҳоро ба танфурӯшӣ мебурданд дастгир шуданд

Дар фурудгоҳи шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон гуруҳи занонеро боздошт карданд, ки бояд барои танфурӯшӣ ба Туркия интиқол меёфтанд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон, гуруҳи ҷиноие, ки бо интиқоли занон ба Туркия барои танфурӯшӣ машғул буд, 15 август дар натиҷаи як амалиёти пулиси вилояти Навоӣ боздошт шуд.

«Узви гуруҳи ҷиноӣ, сокини Самарқанд Р. Б. дар вилояти Навоӣ се зани бекору ниёзмандро пайдо кардааст, ки хоҳиши кор дар хориҷро доштанд. Бо ваъдаи ҷои кор ба ҳайси фурӯшанда ва фаррош мехост, онҳоро барои танфурӯшӣ ба Туркия фиристад», — омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар ҷалби шаҳрвандони Ӯзбекистон ба фоҳишагӣ ба Р. Б. модараш кумак менамудааст, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир, Шуъбаи тафтишотии пулиси Навоӣ бо санҷиши ҳодиса машғул аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон