расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Буҷети соли 2021 аз соли 2020 зиёдтар мешавад. Аз кадом ҳисоб

Асосӣ / Иқтисодиёт

Буҷети соли 2021 аз соли 2020 зиёдтар мешавад. Аз кадом ҳисоб

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи буҷети давлатиро барои соли оянда баррасӣ кард.

Сурат: аз бойгонии хадамоти матбуоти президенти ҶТ
Сарфи назар аз коҳиши иқтисоди ҷаҳон, ки ба паҳншавии сирояти коронавирус марбут аст, Тоҷикистон дар муқоиса бо соли равон ҳаҷми буҷети давлатии худро ба андозаи 6,1% афзуданист.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 27 октябр таҳти раёсати президенти мамлакат, раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардида, дар он лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2021” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023 баррасӣ шуданд.
Ғайр аз ин, аъзои ҳукумат Барномаи қарзгирии давлатии берунаи ҶТ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023-ро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи буҷети давлатӣ барои соли оянда ҷиҳати пайгирӣ намудани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар, пешгирӣ кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ ва инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия гардидааст.
Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 млрд сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.
Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 млрд сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст.
Таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 млрд сомонӣ бо афзоиши 890 млн сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 110 млн сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сиёсати буҷети давлатӣ таъмин намудани уҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Вобаста ба коҳишёбии қисми даромади буҷети давлатӣ дар заминаи таъсири манфии омилҳои беруниву дохилӣ ба иқтисоди кишвар ва вобаста ба ин дар соли ҷорӣ ба андозаи назаррас коҳиш ёфтани даромади буҷет ҳукумати кишвар зарур донист, ки музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро аз 1 сентябри соли 2020 баланд бардорад.
Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 млрд сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 млрд сомонӣ бо афзоиши 592 млн сомонӣ, тандурустӣ 2,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 509 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 млрд сомонӣ бо барзиёдии 262,7 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 млрд сомонӣ бо афзоиши 69,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Сарфи назар аз таъсири омилҳои дохиливу берунӣ ба иқтисоди миллӣ ва хароҷоти иловагии буҷет дар иртибот ба пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии пандемияи бемории КОВИД-19, ҳаҷми маблағгузории дигар соҳаҳо низ дар соли 2021 бо афзоиш ба нақша гирифта шудааст.
Президенти мамлакат вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурд.
Сарвари давлат барои иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои он барои солҳои 2022-2023 вазифаҳо гузошт.

Аз ҷумла иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи ҳукумат, зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот.
Дар ин асос ба зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар ҷиҳати иҷрои қатъии супоришҳои ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин замина зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра дастур дода шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.