Худкушии сокини Туркманистон баъди се дафъа кӯшиши бебарори парвоз ба Туркия

Як сокини вилояти Дашоғузи Туркманистон баъди он ки се бор аз парвоз ба Туркия баргардонида шуд, худкушӣ кард.

"Сокини ноҳияи Акдепи вилояти Дашоғуз се мартаба аз сафар ба Туркия баргардонида шуд. Баъди он ки ба вай гуфтанд, ҳаргиз иҷозаи парвоз ба Туркияро намедиҳанд, вай наздики соати 1 шаб дар дарахти хонааш худро овехт", - иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сарчашмаҳо.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса дар нимаи дувуми моҳи апрел рух дода, аммо танҳо ҳоло оммавӣ гардид. Сокине, ки худкушӣ кард се дафъа бо пули қарз билети парвоз ба Истамбулро харидааст. Вай натавонист қарзашро баргардонад ва билохира худкушӣ кард.

"Вазъи молии вай бисёр бад буд, наметавонист ғизои кӯдаконашро таъмин кунад ва лавозимоти мактабиро харад. Вай барои фурӯхтан низ ҳеч ашёе надошт ва наметавонист маблағи қарзро баргардонад, бинобар ин худкушӣ кард", - нақл мекунанд шоҳидон.

Ба гуфтаи наздикони сокини вилояти Дашоғуз, вай дар номае пеш аз худкушиаш навиштааст, ки аз бекориву нодорӣ хаста шудааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон