расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОЗПУРСИИ ФУТБОЛБОЗОНИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ БАЪДИ НАМОЗХОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ

Ҷомеа / Варзиш / Ҳаводис

БОЗПУРСИИ ФУТБОЛБОЗОНИ “РАВШАН”-И КӮЛОБ БАЪДИ НАМОЗХОНӢ ДАР ВАРЗИШГОҲ

Кормандони шуъбаи КДАМ дар шаҳри Кӯлоб футболбозон ва мураббиёни дастаи футболи "Равшан”-и Кӯлобро баъди намозхонии футболбозон дар варзишгоҳи Ҳисор бозпурсӣ карда, бозигарони ришдорро маҷбур кардаанд, ки ришашонро пок битарошанд.
Дар ин бора ба сомонаи "Ахбор” мухлисони дастаи "Равшан” хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, футболбозоронро барои намоз хондан дар ҷои ҷамъиятӣ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.
"Ҳатто Фаридунро Рустамовро, ки дар конференсияи АФК дар Ҳисор қарор дошт, талаб кардаанд, ки биояд ва ба саволҳои кормандони амният ҷавоб диҳад. Футболбозонро барои намоз хонданашон хеле гапҳои тунду тез задаанд ва маҷбур кардаанд, ки касе риш дорад, ришашро битарошад. Агар аҳамият диҳед, дар бозии охирин бо "Ҳулбук” ягон футболбози "Равшан” риш надошт”, - хабар додан ҳамсуҳбатони мо.


 

 
Рӯзи 18 август дар саҳифаи дастаи "Равшан”-и Кӯлоб аксеро нашр карданд, ки бозигарони ин даста баъди ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон -2020 дар ҳуҷраи либосивазкунии варзишгоҳи Ҳисор намози боҷамоат мегузоранд. "Амале лоиқи таҳсин”, "Хуш ба ҳолатон!”, "Аллоҳ ҳамаи шуморо дар паноҳи худаш нигаҳбон бошад!” – навишта буданд мухлисон дар зери ин акс.
Ҳоло акси намозхонии футболбозони "Равшан”, ки вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда буд, аз саҳифаи ин даста дар Фейсбук пок карда шудааст.

АКСИ НАМОЗХОНИИ ФУТБОЛБОЗОНИ "РАВШАН”-И КӮЛОБ ҲАМАРО ТАСХИР КАРД (ВИДЕО ВА АКС)

Дар саҳифаи дастаи "Равшан”-и Кӯлоб аксеро нашр кардаанд, ки бозигарони ин даста баъди ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон -2020 дар ҳуҷраи либосивазкунии варзишгоҳи Ҳисор намози боҷамоат мегузоранд. "Амале лоиқи таҳсин”, "Хуш ба ҳолатон!”, "Аллоҳ ҳамаи шуморо дар паноҳи худаш нигаҳбон бошад!” – навиштаанд мухлисон дар зери ин акс.
Дар саҳифаи "Равшан” ҳамчунин видеоҳои таҷлил аз пирӯзӣ дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ва чӣ гуна дар роҳи бозгашт ба Кӯлоб дар дохили автобус гимни Кӯлобро хондани футболбозони "Равшан” нашр шудааст.
«Равшан» рӯзи 18 октябр дар бозии даври ниҳои мусобиқот барои Париматч –Ҷоми Тоҷикистон дар варзишгоҳи Ҳисор бар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгари «Равшан» Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-уми бозӣ аз зарбаи 11-метра зад.
«Равшан» ба ин тартиб, баъди 26 сол дубора соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд. Бори охир «равшан соли 1994 соҳиби Ҷом шуда буд.
«Равшан»-и Кӯлоб дар солҳои пеш рақиби асосии «Истиқлол»-и Душанбе буд, вале ба далели мушкилоти молиявӣ аз лигаи олӣ хориҷ шуд. «Равшан» имсол дар лигаи якум ҷои якумро ба даст оварда, ба лигаи олӣ баргашт.



Tajikistan Football Federation
КУЛЯБСКИЙ «РАВШАН» – ОБЛАДАТЕЛЬ ПАРИМАТЧ – КУБКА ТАДЖИКИСТАНА-2020!
Кулябский «Равшан», обыграв в финальном матче Париматч – Кубка Таджикистана-2020 бохтарский «Хатлон» со счетом 1:0, стал обладателем почетного трофея.
Автором единственного и победного мяча стал защитник «Равшана» Далер Шомуродов, который отличился с пенальти на 67-й минуте встречи.
Призовой фонд финала Кубка страны составил 35 тысяч сомони. Победителю помимо трофея достался денежный приз в размере 20 тысяч сомони, а финалист получил серебряные медали и 15 тысяч сомони. Кроме того, лучшему игроку финала был вручен денежный приз – 3 тысячи сомони. Приз лучшего игрока получил полузащитник "Равшана” Абдурахмон Нозимов.
Отметим, что впервые в истории Национального Кубка почетный трофей выиграл представитель первой лиги Таджикистана.
Для «Равшана» это второй титул в истории клуба. Ранее команда выигрывала Кубок страны 26 лет назад – в 1994 году.

 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.