расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросон, Данғара ва Қубодиён

. / Ҳаводис

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Хуросон, Данғара ва Қубодиён

Рӯзи 20-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», Ҷумъаев Равшан Юлдошевич, соли таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар, дар 71,5-ум километр ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Азизов Раҳимҷон Эшматович, соли таваллудаш 1968, сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ҳамин ноҳия гирифтори бемории рӯҳӣ бударо пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Азизов Р.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Санаи 20-уми октябри соли 2020, тахминан соати 18:20-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ландкрузер», Шункиева Гулхумор Шункиевна, соли таваллудаш 1963, ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Кулоб”, дар 90,2-ум километр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа кардааст.
Дар натиҷа худи ронанда, Шункиева Г.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашинаи мазкур Исмоилова Тухтахон Айтақуловна, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамин тариқ санаи 21-уми октябри соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Эшматов Абдумурод Донабоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Холдоров Ҳасан Ҳазратқулович, соли таваллудаш 1960, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа велосипедрон, Холдоров Ҳ.Ҳ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.