Ҳамсари Уилям Кейт Мидлтон писар таваллуд кард

Ҳамсари шоҳзодаи Британия Уилям Кейт Мидлтон рӯзи душанбе писар таваллуд кард. Биноба маълумоти дарбори Кенсингтон, модару кӯдак сиҳату саломатанд.

Садҳо нафар дар назди зоишгоҳ ҷамъ шудаанд то бубинанд, ки чӣ тавр Кейт ва Уилям бо кӯдаки навзод зоҳир мешаванд.

Ин сеюмин фарзанди Уилям ва Кейт аст. Онҳо моҳи июли соли 2013 писарашон Ҷорҷро ба дунё оварданд ва моҳи майи соли 2015 духтари онҳо Шарлотта таваллуд шуд. Кӯдаки навзод дар навбати расидан ба тахту тоҷ баъди шоҳзода Чарлз Уелский, падараш, бародараш ва хоҳараш дар ҷойи панҷум қарор дорад. Номи ӯ баъди чанд рӯз эълон мешавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон