ФИРОРИ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИКУ ЯК ӮЗБЕК АЗ ЗИНДОНИ ҚИРҒИЗИСТОН

Мақомоти Қирғизистон хабар доданд, ки рӯзи 8 апрел ду маҳбус аз зиндони маскунӣ (колония-поселение)-и №51-уми шаҳри Балиқчӣ фирор кардаанд. Якеи онҳо - Зафарҷон Исматови 39-сола аз шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон ва дуюмӣ Аскарҷон Бӯриеви 34-сола аз Ӯзбекистон будаанд. Зафарҷон Исматов барои дуздӣ ва Бӯриев барои тақаллуби аснод маҳкум шуда буданд.

 

Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон, ки умури зиндонҳои ин кишварро ба дӯш дорад, рӯзи 10 апрел фирори ду маҳбус аз зиндони маскунӣ (колония-поселение)-и №51-уми шаҳри Балиқчиро тасдиқ кард.

Бино ба иттилоияи ин идора, рӯзи 8 апрел Зафарҷон Исматов, соли таваллудаш 1979, зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон, ва Аскарҷон Бӯриев, соли таваллудаш 1984, зодаи шаҳри Ҷомбойи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аз ин зиндон фирор кардаанд. Зафарҷон Исматов моҳи феврал бо ҷурми дуздии амвол ба маблағи бузург маҳкум ба зиндон шуда буд. Аскарҷон Бӯриевро низ ду моҳ пеш барои тақаллуби аснод зиндонӣ карда будаанд.

Мақомоти Қирғизистон дар робита ба ин мавриди фирор аз зиндон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Дар саросари қаламрави Қирғизистон бо мақсади боздошти маҳбусони фирорӣ амалиёти густардаи "Перехват” роҳандозӣ шуда, дар посгоҳҳо тафтиши шаҳрвандон тақвият дода шудааст.

Дафтари матбуоти идораи зиндонҳои Қирғизистон мегӯяд, маҳбусони фирорӣ ҳатман талош хоҳанд кард, ки ба кишварҳои зодгоҳи худ бигурезанд ва аз ин рӯ, дар амалиёти ҷустуҷӯи онҳо тамаркуз бештар рӯи роҳҳоест, ки ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебаранд.

Қонунгузории Қирғизистон барои фирор аз зиндон ҳамчун муҷозот то 3 соли зиндони низомаш шадидро пешбинӣ мекунад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон