ВИДЕОИ КУШТА ШУДАНИ ФАРМОНДЕҲИ ДОИШ ДАР АФҒОНИСТОН

Фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистон бо нашри як видео хабар дод, ки Қорӣ Ҳикматуллоҳ, як фармондеҳи аршади ба номи "вилояти Хуросон”-и ДОИШ рӯзи 5 апрел бар асари ҳамлаи ҳавоии Амрико дар вилояти Форёб кушта шуд. Қорӣ Ҳикматуллоҳ як эмиссари асосии ДОИШ барои даъвати ҷангиён аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистон шумурда мешуд.

 

Фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистон дар сомонааш видеои чигуна бар асари ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шудани Қорӣ Ҳикматуллоҳ, фармондеҳи аршади ба ном "вилояти Хуросон”-и созмони тундрави ДОИШ ("Давлати исломӣ”)-ро нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, Қорӣ Ҳикматуллоҳ ва муҳофизаш рӯзи 5 апрел дар ноҳияи Болчироғи вилояти Форёб кушта шудааст. Фармондеҳии НАТО менависад, Қорӣ Ҳикматуллоҳ як роҳбари умдаи амалиётҳои ДОИШ дар шимоли Афғонистон ва як мубаллиғи асосии ҷангиён аз Осиёи Марказӣ барои рафтан ба Афғонистон ва пайвастан ба сафи ин созмони тундрав буд.

Ба навиштаи фармондеҳии НАТО дар Афғонистон, "Қорӣ Ҳикматуллоҳ аслан аз Ӯзбекистон буда, чандин бор тағйири садоқат кардааст: Ӯ аввал аз роҳбарони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буд, баъдан ба ҷунбиши Толибон савганди садоқат супурд ва ахиран ба "вилояти Хуросон”-и ДОИШ пайваст.”

Дар видеое, ки фармондеҳии нирӯҳои НАТО дар Афғонистон нашр кардааст, дида мешавад, ки Қорӣ Ҳикматуллоҳ ва муҳофизаш ҳангоми ҳаракат ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор мегиранд.

 

Бино ба гузориши нирӯҳои НАТО, "вилояти Хуросон”-и ДОИШ билофосила баъди кушта шудани Қорӣ Ҳикматуллоҳ ба мақоми фармондеҳӣ Мавлавӣ Ҳабибулраҳмон, боз як зодаи дигари Ӯзбекистонро таъйин кардааст, вале ин таъйинот мояи ихтилофи назар байни ҷангиёни ДОИШ дар минтақаҳои дурдасти вилояти Ҷузҷон шудааст.

Эътилофи таҳти фармони НАТО мегӯяд, ҳамлаҳои мушакии Амрико дар ин авохир қуввати фармондеҳии ДОИШ дар шимоли Афғонистонро хеле заиф кард. Аз ҷумла шаби 26 ба 27 март бар асари як ҳамлаи муштарак дар минтақаи Муғули вилояти Ҷузҷон як фармондеҳ ва як ҷангии ДОИШ кушта шуданд. Рӯзи 22 март дар як ҳамлаи дигар дар Дарзоб 4 ҷангии ДОИШ ва рӯзи 16 март дар вилояти Сарипул ду фармондеҳи калидии ДОИШ Умар ва Абу Сумайя ҳангоми мулоқоти рӯбарӯяшон ба ҳалокат расонда шуданд. Шаби 16 март дар ҷараёни амалиёти шабона болои пойгоҳҳои ДОИШ дар вилояти Ҷузҷон 13 ҷангии ин созмони тундравро аз байн бурданд. Ҳамин тавр, рӯзи 28 январ нирӯҳои афғон дар Ҷузҷон Хитоб Оқо, фармондеҳи собиқи ҷангиёни хориҷии ДОИШ дар ин вилоятро ба асорат гирифтанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ахиран хабар доданд, ки ҳудуди 8 ҳазор ҷангӣ, асосан аз ДОИШ, аз Сурия тавассути Туркия ва Эрон ба Афғонистон омадаанд. Русия низ пайваста аз афзоиши ҳузури ДОИШ дар Афғонистон, бахусус дар манотиқи бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ҳаммарз бонги изтироб баланд мекунанд.

Аммо Амрико мегӯяд, ки Русия ба хотири тавҷеҳи кумакҳояш ба ҷунбиши Толибон миқёси ҳузури ДОИШ дар Афғонистонро аз будаш зиёд нишон медиҳад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон