БОЗДОШТИ ТАНФУРӮШЕ КИ СИРРИ ИШРАТАШ БО ОДАМОНИ КРЕМЛРО ФОШ КАРД (ВИДЕО)

Пулиси Таиланд дар як меҳмонхонаи шаҳри Патайя барои баргузории "секс-тренинг” 10 шаҳрванди Русия, аз ҷумла "Настя Рыбка”-ро дастгир кардааст. Номи "Настя Рыбка” дар пайи нашри ҷузъиёти айшу ишрати ӯву танфурӯшони дигар бо миллиардер Олег Дерипаска ва муовини сарвазири Русия Сергей Приходко дар як яхтаи Дерипаска вирди забонҳо шудааст.

 

Консули Русия дар Таиланд Владимир Соснов хабар дод, ки мураббиёни сексе, ки дар шаҳри Патайя дастгир шуданд, аз он кишвар ихроҷ карда мешаванд. Соснов аз қавли мақомоти пулиси Таиланд тасдиқ кард, ки дар байни боздоштшудаҳовидеоблогерҳои ҷанҷолбарангез Анастасия Вашукевич, маъруф бо лақаби "Настя Рыбка”, ва Александр Кириллов, лақабаш "Алекс Лесли” низ ҳастанд.

Пулиси Таиланд дар ҷараёни як амалиёт дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Патайя 10 шаҳрванди Русияро барои баргузории "секс-тренинг” дастгир кард. Дар ин "тренинг” 43 сайёҳи рус ширкат дошта, ҳар кадомаш барои омӯхтани "нозукиҳои секс” 20 ҳазор бат, муодили тақрибан 648 доллар пардохт кардааст.

Дастгиршудаҳо, ки худро "секс-аниматор” меноманд, ба фаъолияти соҳибкорӣ бидуни иҷозатномаи расмии мақомоти Таиланд айбдор мешаванд. Ду нафари онҳо ҳамчунин ба вуруди ғайриқонунӣ ба Таиланд айбдор шуда, муҳлати визаи якеи дигар тамом шудааст. Ба онҳо тибқи қонунҳои Таиланд, то 3 ҳазор доллар ҷарима ва ихроҷ аз ин кишвар таҳдид мекунад.

Видеои лаҳзаҳои боздошти "секс-аниматор”-ҳои русро телевизиони Таиланд нашр кард.

 

Исми "Настя Рыбка” ва "Алекс Лесли” рӯзи 9 феврал, дар пайи нашри таҳқиқроти нави Сандуқи мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний дар бораи иртиботи миллиардери ба Кремл хеле наздик Олег Дерипаска ва муовини сарвазири Русия Сергей Приходко ва айшу ишрати ҳардуи онҳо бо фоҳишаҳо, аз ҷумла бо "Настя Рыбка” дар як яхтаи ин миллиардер расонаӣ шуд.

Миллиардери рус Олег Дерипаска билофосила баъди нашри он таҳқиқот "Настя Рыбка” ва "Алекс Лесли”-ро барои нашри беиҷозати ҷузъиёти зиндагии шахсиаш ба додгоҳ дод. Намояндаи Дерипаска гуфт: "Ин даъво ба зидди ду нафар – Анастасия Вашукевич, яъне "Настя Рыбка”, ва Александр Кириллов, яъне "Алекс Лесли” дода шудааст. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои хусусиеро нашр кардаанд, ки дар онҳо Олег Дерипаска тасвир шудааст. Онҳо ҳамчунин наворҳои садоии суҳбатҳои ӯро, ки пинҳонӣ сабт шудаанд, нашр карда, ҷузъиёти зиндагии шахсии Дерипаскаро фош карданд.”

Дерипаска гуфтааст, ки барои нашри ин маълумот иҷозат надода буд. Роспотребнадзор дар пайи ин даъво аз "Настя Рыбка” ва "Алекс Лесли” талаб кард, ки аксу видеоҳои баҳсиро аз саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пок кунанд. Айни талаб аз шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки агар ин аксу видеоҳоро набардоранд, метавонанд дар Русия баста шаванд.

Видеои Сандуқи мубориза бо коррупсияи Навалнийро, ки рӯзи 8 феврал нашр шуд, алакай беш аз 6 миллион нафар тамошо кардаанд.

Дар ин видео Навалний бо такя ба аксу сабтҳо ва видеоҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашркардаи "Настя Рыбка” ва китоби ахиран нашркардаи ин зани танфурӯш мегӯяд, ки муовини сарвазири Русия Сергей Приходко тобистони соли 2017 се рӯз дар яхтаи Дерипаска ҳамроҳи фоҳишаҳо дар соҳилҳои Норвегия ба истилоҳ "истироҳат” кардааст.

IMG ALIGN=left BORDER="0" SRC="/clients/akhbor/nastyaderipaska.jpg">

"Настя Рыбка” ҳатто акси Приходко ва Дерипаска дар ин яхта ва порае аз сабти садоии суҳбатҳои Дерипаскаро ҳам нашр кардааст. Аммо дар китобаш "Настя Рыбка” Дерипаскаро бо лақаби "Руслан” ва Приходкоро бо лақаби "Папа” ном бурдааст.

Дерипаска дар он навори садоӣ Приходкоро бо ному номи падар – Сергей Эдуардевич ном мебарад ва дар шарҳи сабабҳои мавқеъгирии ошкоро зиддирусии дипломати баландпояи Амрико Виктория Нуланд таҳқиромез мегӯяд, ки "Нуланд дар ҷавониаш як моҳ дар киштиии моҳигирони рус афтода буд ва аз ҳамон даврон Русияро бад мебинад.”

Аммо Алексей Навалний паҳлуҳои ахлоқии ин қазия – айшу ишрати мансабдори баландпояи ҳукумати Русия бо фоҳишаҳоро як сӯ гузошта, аз президенти Русия Владимир Путин хостааст, ки паҳлуҳои дигар ин моҷароро таҳқиқ кунад. Ба ақидаи Навалний, инки муовини сарвазири Русия се рӯз дар яхтаи Дерипаска ва ҳатман аз ҳисоби ин миллиардер "истироҳат” кардааст, ришва аст. Инки ӯро дар ин яхта бо фоҳишаҳо низ таъмин кардаанд, ба ақидаи Навалний, низ ришва аст.

Навалний ҳамин тавр, ду манзил доштани Приходко дар як бинои бошукӯҳ дар маркази Маскав ва қасри бузурги сохтаи ӯ дар канори Маскавро низ ба чолиш кашида, мегӯяд, ки нархи ин манзилҳо тақрибан як миллиард рубл, ё ҳудуди 20 миллион доллар аст: "Чигуна як мансабдори давлатӣ, ки ягон тиҷорат надорад, барои харидани манзилҳои люкс як миллиард рубл ҷамъ кардааст?”

Навалний ёдовар мешавад, ки соли 1999, вақте аксҳои додситони кулли Русия Юрий Скуратов дар як ҳаммом ҳамроҳи занони сабукпо нашр шуд, худи Владимир Путин, ки он вақт роҳбари ФСБ буд, таҳқиқот анҷом дода, пойфишорӣ кард, то ин мансабдорро барои рафтори бадахлоқиаш аз мақом барканор кунанд. Навалний хитоб ба Путин мегӯяд, ҳоло айни моҷаро бар сари як узви командаи худи Путин омадааст ва оё ӯ омода ҳаст, ки боз ҳам принсип нишон дода, узви тими худро барои бадахлоқӣ ҷазо диҳад?

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон