БОЗДОШТИ САРВАЗИРИ ДОҒИСТОН БО ПИСТОЛЕТИ ТИЛЛОӢ (ВИДЕО)

Рӯзи 5 феврал сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини ӯ ва вазири собиқи маорифи ин ҷумҳуриро боздошт карданд. Роҳбарони собиқи Доғистон ба қаллобӣ, фасод ва дуздии миллиардҳо рубл аз буҷаи давлатӣ айбдор мешаванд. Ҳангоми кофтукоб аз хонаи сарвазир як пистолети тиллоии ТТ, ду пистолети Макаров ва "Беретта” ва ду автомати Калашников ёфтаанд.

Дар ҷумҳурии Доғистони Русия амалиёти вижаи "риояи қонуният” вориди нуқтаи авҷаш шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки мақомоти интизомӣ иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини раиси ҳукумат Шамил Исоев ва Раюдин Юсуф, ҳамчунин вазири собиқи маорифи Доғистон Шоҳаббос Шоҳов ва чанд мансабдори дигари баландпояро боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин мансабдорони баландпояи Доғистонро алакай ба Маскав овардаанд ва онҳо, аз ҷумла сарвазир Абусамад Гамидов дар ФСБ таҳти бозпурсӣ қарор доранд.

Кумитаи тафтишот мегӯяд, ин боздоштҳо дар чорчӯби парвандаи ҷиноятии пурсарусадое сурат гирифтааст, ки бар асоси қисми чоруми моддаи 159-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар робита ба дуздии пулҳои аз буҷаи Доғистон барои барномаҳои иҷтимоӣ дар ин минтақа ҷудошуда оғоз кардаанд.

Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия гуфт: "Дар ҷараёни тафтиши парванда муфаттишон дар ин дуздиҳо бо роҳи қаллобӣ даст доштани иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Доғистон Абдусамад Гамидов, ду муовини раиси ҳукумат Шамил Исоев ва Раюдин Юсуф, ҳамчунин вазири собиқи маорифи Доғистон Шоҳаббос Шоҳов ва афроди дигарро маълум карданд.”

Светлана Петренко гуфт, ин мансабдорони баландпоя рӯзи 5 феврал дар ҳамкорӣ бо ФСБ дастгир гардида, дар манзилҳои онҳо кофтукоб анҷом шуд. Ба гуфтаи Петренко, дар ҷараёни кофтукоб аз ҷумла аз манзили сарвазир Гамидов пистолети тиллоии ТТ, пистолетҳои "Беретта”-ву Макаров ва ду автомати Калашников пайдо кардаанд.

Дар соли 2017 Рамазон Абдулатипов аз мақоми раҳбари ҷумҳурии Доғистон барканор гардида, ба ҷои ӯ аз Маскав Владимир Василев, як афсари собиқадори пулисро фиристоданд.

Ҷумҳурии Доғистон аз фасодзадатарин минтақаҳои Русия ба шумор меравад ва ба дунболи ба роҳбарии ин ҷумҳурӣ таъйин шудани Василев аксар интизор доштанд, ки ӯ корро аз поккорӣ шуруӯъ хоҳад кард.

Ду ҳафта пеш гузориш шуда буд, ки як гуруҳи бузурги муфаттишон аз Маскав ба роҳбарии муовини додситони кулли Русия Иван Сидорук ба Доғистон омадааст ва акнун боздоштҳои пурсарусадо оғоз мешаванд.

Дар поёни моҳи январ шаҳрдори Махачқалъа, пойтахти Доғистон Мӯсо Мӯсоев бо иттиҳоми даст доштан дар коррупсия дастгир шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон