расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Рейдҳо дар Душанбе зидди таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта

. / Ҷомеа

Рейдҳо дар Душанбе зидди таксиҳои ғайриқонунӣ фаъолиятдошта

Ин ҷо сари таксиҳои ба истилоҳ “5 сомона” сухан меравад.

Акси марбута
Сурат: Asia-Plus
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки нисбат ба таксиҳое, ки ғайриқонунӣ фаъолият доранд, тадбирҳо андешида шавад.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёт, сохторҳои вазорат уҳдадор шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе шумораи ин намуди нақлиёт, яъне «таксиҳои 5-сомонӣ» ро дар шаҳр муайян намуда, роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намоянд ва роҳеро бояд дарёфт кард, ки бар зарари кор набошад.
Шаҳрдории пойтахт тасдиқ мекунад, ки чунин таксиҳо “бе ҳуҷҷатҳои дахлдори иҷозатномавӣ кор карда, дар хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар равуо мекунанд ва илова бар ин, ба ҳаракат дар роҳ монеъа эҷод мекунанд”.
Дар маълумот қайд мешавад, ки дар ноҳияҳои шаҳр рейдҳои муштарак доир гардида, бо ронандаҳои ин намуди нақлиёт суҳбатҳо гузаронида шудааст.

“Аллакай пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ 6 нафар ронанда худихтиёрӣ ба ҷамъиятҳои мусофирбарии таксӣ шомил гардида, тариқи шартнома фаъолият мекунанд”, - омадааст дар хабари Вазорати нақлиёт.
Зикр мегардад, ки дар робита ба ин супориш ва ҳалли мушкилот масъулини соҳа аз ҳисоби кормандони Вазорати нақлиёт, БДА, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва ККВД «Душанбе нақлиётхадамотрасон» гуруҳи корӣ таъсис додаанд.
Қобили зикр аст, ки таксиҳои нахус “3 сомона” ва баъдан “5 сомона” ҳанӯз соли 2010 дар роҳҳои шаҳри Душанбе пайдо шуда, бинобар сабаби дастрасии тезтар ба хизматрасонӣ ва сарфаи вақт, байни мардум хеле зуд писандида шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.