Ҷээнбеков бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад

Ҷээнбеков  бо сафари расмӣ ба Ӯзбекистон меравад

Мувофиқи иттилои хадамоти матбуоти  Президентӣ , раҳбари  Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков   рӯзи  11 декабри  соли  равон вазири умури хориҷӣ Эрлан Абдилдаевро қабул кард. Зимни мулоқот Эрлан Абдилдаев марбути ташрифи расмии худ ба шаҳри Вена, ки он ҷо иҷлосияи  шӯрои  вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзо ба СПАД баргузор гардид,  чунончӣ дар хусуси  сафараш ба Сербия , ҳисобот дод.

Тавъам, раисҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков дар бораи ҷараёни  омодагӣ ба ташрифи расмӣ ба Ӯзбекистон маълумот додааст. Тавре ки гуфта мешавад,   сафари раҳбари  Қирғизистон ба кишвари ҳамсоя  рӯзҳои  13-14 декабри соли равон  амалӣ мегардад.Чунончӣ Сооронбай Ҷеенбеков  , вазири умури хориҷӣ Эрлан Абдилдаевро вазифадор кард, ки ба вохӯрии президентҳои ду кишвар  тайёрии ҷиддӣ бинад.

Чанде пеш, рӯзи  7 декабр зимни  ҷаласаи супоридани ҷоизаҳои  давлатӣ, раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев   чашмдошти   ташрифи раҳбари давлати ҳамсояро  маълум карда буд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон