САБТИ НОДИРИ ОВОЗХОНИИ АҲМАД ЗОҲИР БО ҶӮРАБЕК НАЗРӢ ВА МЕҲРИНИСО (ВИДЕО)

Шоираи шинохтаи тоҷик Меҳринисо дар саҳифааш дар Фейсбук як сабти нодири таронаи "Дидам ҷамоле” дар иҷрои Аҳмад Зоҳир ва Ҷӯрабек Назрӣ дар маҳфиле дар шаҳри Кобулро нашр кардааст. Дар ин маҳфил Меҳринисо низ ба ин ду овозхон ҳамовозӣ мекунад.

 

Меҳринисо Бобобекова, шоири шинохтаи тоҷик рӯзи 29 сентябр ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ки ин овозхонии муштараки Аҳмад Зоҳир бо Ҷӯрабек Назрӣ соли 1975 ё 1976 дар манзили ӯву шавҳараш донишманди шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Кабирӣ дар маҳаллаи Ҷангалаки шаҳри Кобул сабт шудааст.

Шаҳбоз Кабирӣ ва Ҷӯрабек Назрӣ он солҳо дар Кобул кору зиндагӣ мекарданд.

Меҳринисо Бобобекова мегӯяд: "Боре аз Ҷӯрабек Назрӣ пурсидем, ки оё Аҳмад Зоҳирро мешиносад? Гуфт, ки бале ва гар бихоҳем, гирифта меорамаш. Як рӯзи ҷумъа маҳфиле оростем ва Ҷӯрабек Назрӣ ҳамроҳи Аҳмад Зоҳир омад. Хонданҳои ҳардуро дар магнитофон сабт кардем, чунки он вақт видеокамера набуд. Ва нашрияи "Рӯзгор” ба тозагӣ онро аз нав корбаст кард ва аксҳои аҳли он маҳфилро илова кардааст.”

Меҳринисо Бобобекова мегӯяд, он маҳфил оғози дӯстии хонаводагии онҳо бо Аҳмад Зоҳир шуд: "Дигар пайваста меҳмони мо мешуд. Ҷашнҳои соли нав ва Нааврӯзро ҳамроҳ таҷлил мекардем. Ин дӯстӣ бо Аҳмад Зоиҳр яке аз рангинтарин саҳифаҳои зиндагии мост ва бузургтарин сарвате, ки аз Афғонистон овардем, агар барои дигарон пулу мол бошад, барои мо ҳамин ифтихори дидор ва ошноӣ бо Аҳмад Зоҳир буд. Он солҳо 30 сол дошт ҳамагӣ ва як ҷавони зебо, муаддаб ва бо вуҷуди он ҳама шӯҳраташ, хеле хоксору заминӣ буд Аҳмад Зоҳир. Ва дар ёди о ҳамчун як инсони асилу комил барои ҷовидон нақш бастааст.”

Дар он маҳфили мондагон дар хонаи Шаҳбоз Кабирӣ ва Меҳринисо Бобобекова дар Ҷангалаки Кобул Ҷӯрабек Назрӣ таронаи машҳури "Дидам ҷамоле” аз филми "Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро мехонад ва Аҳмад Зоҳир ба ӯ ҳамовоз мешавад. Ҷо-ҷо Аҳмад Зоҳир ҳатто ин таронаро ба русӣ низ ҳамовозӣ мекунад. Дар поёни навор Меҳринисо низ ба ин ду овозхон ҳамроҳӣ мекунад.

<ifra< span="">me src="https://www.facebook.com/plugins/video.php?href=https%3A%2F%2Fwww.facebook.com%2F100007037717083%2Fvideos%2F1972763522968219%2F&show_text=1&width=560" width="560" height="531" style="border:none;overflow:hidden" scrolling="no" frameborder="0" allowTransparency="true" allowFullScreen="true">

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон