ЗУЛАЙХО МАМАДШОЕВА ҲАДАФИ ШАНТАЖ ҚАРОР ГИРИФТААСТ (ВИДЕО)

Зулайхо Мамадшоева, овозхони шинохтаи тоҷик хабар дод, ки ҳадафи шантаж қарор гирифтааст. Зулайхо мегӯяд, касе телефонашро дуздида, аз номи вай аксу суханони нохуб паҳн мекунад ва аз Зулайхо дар ивази баргардондани телефонаш 6 ҳазор доллар талаб кардааст.

 

Овозхони ҷавон ва шинохтаи тоҷик Зулайхо Мамадшоева рӯзи 27 сентябр тавассути саҳифааш дар шабакаи Инстаграм хабар дод, ки "марҳилаи хеле мушкил”-ро паси сар мекунад, чунки ҳадафи шантажи як нафари номаълум қарор гирифтааст.

Зулайхо дар Инстаграм навиштааст: "Салом, дӯстонам. Ман Зулайхо, ҳақиққӣва аслӣ. Ҳоло марҳилаи хеле мушкилро паси сар мекунам. Муддате пеш телефонам гум шуд, аниқтараш – касе дуздид. Думболи бозёфташ нашудам... ва инак, аз телефони гумшудаам, ки тамоми акаунт, робита ва аксҳоям он ҷо буд, кадом касофате ҳарфу ҳиҷои нохубро бо истифодаи аксҳоям паҳн мекунад.

Тамос гирифтам, ба таҳдид гузашт. Ҳоло талаби 6000дорад бар ивази бозпас додани телефон. Сахтии кор дар ин аст, ки ин касофат дар кадом мамлакати хориҷ аст.

Азизон, илтиҷо дорам, маро дарк кунед ва фиристодаҳои он палидро бовар накунед.

Намедонам, охири ин кор маро то куҷо мебарад, вале агар ҳастам ва ё на, сурудаҳои ман бо шумост!

Бо муҳаббати зиёд, Зулайхо.”

 

 

 

Баҳриддин Сабурӣ, продюсери Зулайхо рӯзи 27 сентябр ба сомонаи "Ахбор” гуфт, ин қазия Зулайхоро дар як ҳолати хеле бади равонӣ қарор додааст: "Дар он телеффон акси кӯдаконаш ва дигар аксҳои оилавӣ аст, ки дузд мехоҳад фотошоп карда, ба зиддаш истифода барад. Аз дина, ки ин гап бархест, ҳоли Зулайхо хеле бад аст. Вале ҳанӯз ба мақомоти милиса муроҷиат накардааст, чунки он одаме ки телефонро дуздидааст, дар хориҷ аз кишвар қарор дорад.”

Зулайхо Мамадшоева 9 сентябри соли 1991 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадаааст. Зулайхо, ки бо тахаллуси Зу-Зу ҳам маъруф аст, аз соли 2011 бо чанд таронаи наавиштаи Манижаи Давлат ва ҳамчун пайрави сабки ӯ ба саҳна омад.

Аввалин таронае, ки ба Зулайхо маъруфият овард, таронаи "Кабӯтар” буд. Вале пуртамошобинтарин таронаи Зулайхо таронаи "Мамнунам” аст, ки танҳо дар як канали Ютуб онро то имрӯз беш аз 6 миллион нафар тамошо кардаанд.


 

 


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон