расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Задухӯрди шадид миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ

. / Ҷаҳон

Задухӯрди шадид миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Ҷонибҳои низоъ аз ҳалокати сокинони осоишта хабар медиҳанд.

Сурат: AP
Дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷонибҳо дар сар задани муноқишаи субҳи 27-уми сентябр ҳамдигарро гунаҳкор карданд.
Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфтааст, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.
Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар "Хати тамос" амалиётро оғоз кардаанд.
Ҳарду ҷониб аз ҳалокати шаҳрвандонашон хабар медиҳанд.
Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки сарбозонаш субҳи 27-уми сентябр ду чархболи низомии Озарбойҷон ва се ҳавопаймои бесарнишинро дар посух ба ҳамла ба маҳалҳои аҳолинишин сарнагун кардаанд.
Сурат: Lenta.ru
Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Арманистон гуфта мешавад, ки “посухи онҳо ба чунин ҳамлаҳо ҳамвазн хоҳад буд ва масъулият ба дӯши низомиёни Озарбойҷон аст”.
Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нерӯҳояш “чораҳои ҷавобӣ меандешанд ва вазъи амалиётро пурра зери назорат доранд”.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Арманистон, дар ин ҳамла як зану кӯдаки арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ фавтидааст.
Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи президенти Озарбойҷон гуфтааст, ки “кушташудаҳо ва захмиён дар миёни шаҳрвандон ва ҳарбиён вуҷуд дорад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.