расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтанд

Асосӣ / Ҷомеа

Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтанд

Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтанд
Баъди як моҳ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт карданд. 
Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши КҲФ шаҳри Хуҷанд ба "Азия-Плюс" хабар дод. 
Манбаъ гуфт, ҷасад ӯро кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон имрӯз,12-уми март тақрибан соатоҳои 15:00 дарёфт кардаанд. 
Ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон аст.
Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. Дар он навор мушоҳида мешавад, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.