расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо олимону ходимони дин

Асосӣ / Сиёсат

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо олимону ходимони дин

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо олимону ходимони дин
Имрӯз дар Кохи Ваҳдат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот кардааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Нахуст, сарвари давлат ҳамаи иштирокдорони мулоқот ва кулли мардуми кишварро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, дар бораи фазилатҳои пурарзиши ин моҳ андешаронӣ карданд ва барои рафъи камбудиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Дар ҷараёни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон бори дигар перомуни ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.