расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » НИГОҲИ ДИГАР: АДИБАИ АЗИЗ ИЗДИВОҶИ СУРАЙЁ ВА ПӮЛОДРО ҚАШАНГТАРИН НИКОҲИ СОЛ НОМИД

. / Ҳаводис

НИГОҲИ ДИГАР: АДИБАИ АЗИЗ ИЗДИВОҶИ СУРАЙЁ ВА ПӮЛОДРО ҚАШАНГТАРИН НИКОҲИ СОЛ НОМИД

Шоираи тоҷик Адибаи Азиз издивоҷи овозхони шинохта Сурайё Қосимро бо Пӯлод Шаропов, як марди аз худаш 18 сол хурдро "қашангтарин никоҳи сол” номид. Адиба навишт: "Чаро ба пирамардҳо издивоҷ бо духтари ҷавон айб неву ба хонумҳо айби КАППА КАЛОН?!” Адибаи Азиз бархӯрдҳои манфӣ ба ин издивоҷро аз стереотипҳои ғалати "ҷомеаи ҳасуди карахти мардсолору занозори мо” номида, Сурайё Қосимоваро барои намоиши чунин як ҷуръат муборакбод гуфта, навиштааст: "Шаҳ ба пои арӯс пир шавад, илоҳо.
Хабари издивоҷи Сурайё Қосимоваи 63-сола бо Пӯлод Шаропови 45-сола шӯри зиёдеро дар Интернет барангехт ва вокунишҳои гуногунро ба бор овард.
ادیبه عزیز
Қашангтарин никоҳи сол...
Ҳама гулҳо ба тақдимат Сурайё              
Чаро ба пирамардҳо издивоҷ бо духтари ҷавон айб неву ба хонумҳо айби КАППА КАЛОН?!
Ба маълумоти шумо мерасонам, ки ЗАН ПИРШАВӢ НАДОРАД! ОН МУШКИЛҲОИ ҶИНСИЕ, КИ БО ГУЗАШТИ СИН МАРД ДОРАД, ДАР ВУҶУДИ ЗАН АСЛАН ТАБАДУЛЛОТ ВА ЗАЪИФӢ НЕСТ. 
Чӣ қадаре занҳо синашон боло меравад, ҳамон қадар ишқ ва иртиботро бо мард бештар эҳсос мекунанд.
Муборакии шаби никоҳи Сурайёхонум ҳазору сад ҳазор бор!
Шаҳ ба пои арӯс пир шавад, илоҳо.
Он рӯз дур нест, ки ҷавонҳо монанди Пӯлод ошкоро ақд мебанданд. Ба зудиҳо дар ҷомеаи ҳасуди карахти мардсолору занозори мо ба ҳам омадани ду шахсе, ки ҳамдигарро ошиқона мехоҳанд, ба ҳукми анъана медарояд.

ШАВҲАРИ НАВИ СУРАЙЁ: ПӮЛОД ШАРОПОВ КИСТ?
Муаллиф: Мӯсо БобоoҳоҷиевAsia-Plus
Ӯ мегӯядиздивоҷаш бо Сурайё Қосимова ҳосили ишқи пок аст
Ба "Азия-Плюс” муяссар шудшахсияти шавҳари нави ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимовароки порае аз видеои тӯйи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳагомаҳо ба вуҷуд овардаастмуайян кунад.
Шавҳари нави Сурйё дар суҳбат бо "Азия-Плюс” гуфтки Пӯлод Шаропов ному насаб дорадсокини шаҳри Душанбеварзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул астПӯлод Шаропов гуфтки синну солаш на 32 тавре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаандбалки 45-сола аст.
Шавҳари нави Сурайё мегӯядки издивоҷи ӯ бо ҳунарманди шинохта на як ҳангома ё ҳавохоҳӣбалки бар асари ишқи пок ва алоқае шадидеки ба ҳунарманд доштсурат мегирадӮ гуфт "ҳамаи онҳоеки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори шахсии маро ба баҳс кашидаандбигзор мисли ман хушбахт бошанд".
Пӯлод Шаропов мегӯядки издивоҷаш бо Сурайё Қосимова издивоҷи дуюм аст ва аз ҳамсари нахустинашсе фарзанд дорад.Пӯлод Шаропов ба суоли ин ки ҳоло ба бону Сурайё дар Душанбе умр ба сар мебарад ё Кӯлоб посух надод ва гуфт, ки бигзор ин махфӣ бошад. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки замон ва макони тӯйяш ҳам махфӣ аст ва намехоҳад дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунад.
Рӯзи 24-уми сентябр пораи видеоии аз тӯйи Сурайё Қосимова вориди шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шуд, ки дар шарҳи он гуфта мешуд, шавҳари нави Сурайё як ҷавони 32-сола аст.
Сурайё Қосимова Ҳунарманди халқии Тоҷикистон астки 22 апрели имсол ба синни 63-солагӣ расидӮ соли 1957 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ин ҳунарманд қабл аз ин издивоҷи пурсару садояш ду бори дигар низ издивоҷ кардаастки ҳосили издивоҷи аввал духтари ҳунармандаш Шабнаби Сурайёяке дигар аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон мебошад.
Аз издивоҷи дувумаш бо Хуршед Рабиевсарҳанги пулис се фарзанд дорад, ки яке аз онҳо Фарзонаи Хуршед ҳам овозхон астИн бону соли 1970 мактаби миёнаро хатм намудато ҳол дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода кору фаъолият мекунад.


 





Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Рахимов | Гости

    Ба бонуи  зебо, самимӣ ва сарояндаю санъаткори машҳури санъати тоҷик хушбахтию саломатӣ хоҳонам. Тӯй муборак. Худованд нигахбонатон бошад.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.