расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Садамаи маргбор: мошини ҳомили 6 узви оилаи Чаққоновҳо чаппа шуд-видео

. / Ҳаводис

Садамаи маргбор: мошини ҳомили 6 узви оилаи Чаққоновҳо чаппа шуд-видео


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар шаҳри Панҷакент хабар дод, ки ҳалокшуда ва маҷруҳшудаҳо аъзои як оила мебошанд
 Мошини “Опел” таҳти идораи Самрад Чаққонови 29-сола бо суръати баланд дар ҳудуди  ҷамоати деҳоти Ёрии  шаҳри Панҷакент чаппа шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон далели чаппашавиро ҳаракат бо суръати баланд ва аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда гуфт.
Дар пайи садама як мусофир, бародари ронанда, Ҳусейнбой Чаққонов, соли таваллудаш 1998 дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, 4 мусофири дигар, ки аъзои оилаи Чаққоновҳо будаанд, маҷруҳ шудаанд.
Манбаъ таъкид кард, ки миёни маҷҳуҳшудаҳо аз оилаи Чаққоновҳо ду нафарашон ноболиғ буданд, ки феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.