расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 100 ҲАЗОР ДОЛЛАРАШРО БАРОИ ЯК МОҲ ДОД ВА ИНАК СЕ СОЛ БОЗ АЗ ПАСИ ПУЛАШ МЕДАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

100 ҲАЗОР ДОЛЛАРАШРО БАРОИ ЯК МОҲ ДОД ВА ИНАК СЕ СОЛ БОЗ АЗ ПАСИ ПУЛАШ МЕДАВАД

100 ҲАЗОР ДОЛЛАРАШРО БАРОИ ЯК МОҲ ДОД ВА ИНАК СЕ СОЛ БОЗ АЗ ПАСИ ПУЛАШ МЕДАВАД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ба маблағи хеле бузург хабар дод. Бино ба хабари нашршуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудааст.“Гумонбаршаванда, 26-уми июли соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари амрикоиро ба муҳлати як моҳ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, - гуфта мешавад дар хабари ВКД.
Тафсилоти дигари ин қазия нашр нашудааст. Худи ҷонибҳои зидахл -  ҷабрдида ва нафари муттаҳам ба қаллобӣ – барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд. 
Қаллобӣ баъди дуздӣ дуюмин навъи аз ҳама роиҷи ҷиноят дар Тоҷикистон ба шумор мешавад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор ҳолати қаллобӣ сабт карда мешаванд ва амалан қариб ҳар ҷинояти ҳафтуми дар Тоҷикистон содиршуда ин қаллобӣ мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.