расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ДАР ПАЙИ САДАМА

Асосӣ / Сиёсат

ҲАЛОКАТИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ДАР ПАЙИ САДАМА

ҲАЛОКАТИ СУДЯИ СУДИ ПАНҶ ДАР ПАЙИ САДАМА
Судяи суди ноҳияи Панҷ Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ дар пайи садамаи нақлиётӣ, ки рӯзи 20-уми декабри соли 2023 рух дод ва ӯ ҷароҳатҳои вазнин бардошт, шаби гузаштаи 4 ба 5 январи соли 2024 дар Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса тахминан соати 6-и бегоҳи 20 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ба вуқуъ пайвастааст.
Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммад Бердиев дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, маҷруҳ бо осеби кушодаи майнаи сар, пас аз чил дақиқаи рух додани садама ба беморхона расонида шудааст.
– Ҷабрдидаҳо ду нафар буданд. Онҳоро аввал ба беморхонаи шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон бурда, баъдан ба Беморхонаи марказии ноҳияи мо интиқол доданд. Ҳамроҳи судя ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта буд, ӯро муоина карда, ҷавоб додем, аммо вазъи саломатии Абдуллозода бениҳоят бад буд. Хангоми садама сутунмӯрааш аз қисмати гардан шикаста буд. Марҳум то лаҳзаи фавт зери таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт, – гуфт табиб Бердиев М.
Марҳум Абдуллозода Аҳмадҷон 37 сол дошт. Ӯ қаблан дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ фаъолият кардааст

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.