расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 8346 НАФАР РАСИД

. / Ҷомеа

ШУМОРАИ РАСМИИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН БА 8346 НАФАР РАСИД



Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 81 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Инчунин, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 35 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 8346 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, то санаи 24 август дар мамлакат 7142 (85,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 67 нафар фавтидаанд.
Ин омори расмии вазорат дар ҳолест, ки рӯзҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи мавридҳои рӯи ба афзоиши гирифторӣ ба коронавирус ва ҳалокати беморон аз ин беморӣ хабарҳо ба даст мерасанд. Бисёриҳо, аз ҷумла табибон мегӯянд, ки омори расмии вазорати тандурустӣ воқеиятро пурра нишон намедиҳад ва мақомот ба мулоҳизаҳое, аз ҷумла дар остонаи интихоботи президентӣ, ба Тоҷикистон расидани мавҷи дуюми коронавирусро пинҳон мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.