расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар кадом ҳолатҳо ба муҳоҷирони тоҷик ҷазои ихроҷ таҳдид мекунад ва дар кадом вақт - ҷарима?

Асосӣ / Муҳоҷир

Дар кадом ҳолатҳо ба муҳоҷирони тоҷик ҷазои ихроҷ таҳдид мекунад ва дар кадом вақт - ҷарима?

Аз ҷониби муҳоҷирон вайрон кардани қонунгузории кишвар дар як қатор ҳолатҳо ба ихроҷи онҳо боис шуда метавонад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ғайриқонунӣ кор кунад, барои будубошаш дар кишвар ҳуҷҷатҳои дахлдор надошта бошад, муҳлати ҳузурашро гузаронад ва ғайра. Ихроҷ оқибатҳои вазнин дорад, зеро вуруд ба Русия метавонад ба муҳлати 5 ё ҳатто 10 сол манъ карда шавад.
Аммо дар моҳи декабри соли ҷорӣ Думаи давлатӣ тағйиротеро қабул кард, ки мутобиқи он дар баъзе мавридҳо қарори ихроҷи муҳоҷирон бо ҷазои сабуктар - ҷарима иваз шуда метавонад. Дар кадом ҳолатҳо ин имконпазир аст ва маблағи ҷарима чӣ қадар шуда метавонад?Маълум нест, ки қонун кай мавриди амал қарор мегирад, зеро муҳлати хеле зиёд - аз соли 2017 баррасӣ мешавад.
Аммо ахиран фаъолона ба такмили лоиҳаи қонуни “фаромӯшшуда” пардохта, онро ба қироати дуюм пешниҳод карданд. Яъне то қабули лоиҳаи қонун на он қадр зиёд марҳилаҳои расмӣ боқӣ мондаанд.

Дар кадом ҳолатҳо  қарори ихроҷ ба ҷарима иваз шуда метавонад?

Агар қарор дар бораи ихроҷ ба назари додрас ҷазои хеле сахт ва ба ҳадафҳои ҷазои маъмурӣ номутаносиб ба назар расад, ӯ метавонад онро ба ҷарима иваз кунад.Чунин ибораи норавшан кафолат намедиҳад, ки додрас хашми худро ба раҳм табдил медиҳад. Аммо ҳоло муҳоҷирон имкон доранд, ки додрасро ба софдилиашон ва “як бор содир шудан”-и ҷиноят бовар кунонанд.Масалан, ин метавонад бо роҳи пешниҳоди далелҳо дар бораи софдилона пардохтани андозҳо, рафтори риояи қонун, мавҷудияти манзил ва ғайра анҷом дода шавад. Аз ин рӯ, агар ба шумо баррасии судӣ таъин карда шавад, тавсия медиҳем, ки ба он пешакӣ омода шавед ва ҳама ҳуҷҷатҳоеро ҷамъ кунед, ки робитаи наздики шуморо бо кишвар ва риояи қонун тасдиқ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.