расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗАМИНЛАРЗАИ ИҚТИДОРАШ 4,6 БАЛЛ БАДАХШОНРО ТАКОН ДОД

Асосӣ / Ҷомеа

ЗАМИНЛАРЗАИ ИҚТИДОРАШ 4,6 БАЛЛ БАДАХШОНРО ТАКОН ДОД

ЗАМИНЛАРЗАИ ИҚТИДОРАШ 4,6 БАЛЛ БАДАХШОНРО ТАКОН ДОД
Рӯзи 12 октябри соли 2023, соати 11:54 ба вақти Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар як заминларзаи шиддаташ 4,6 балл рух додааст.
Бино ба маълумоти пойгоҳи  http://xn--arthquaketrack-zvl.com/,  ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, маркази заминларзаи ахир дар 47-километрии ҷануби шаҳраки Мурғоб, маркази ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар як минтақаи кӯҳистонии воқеъ дар наздикии марзи Тоҷиктстон бо Афғонистону Хитой рӯй дода, замин дар умқи 10 километр ларзидааст.
Дар бораи кадом хисорот ё осебе бар асари ин офати табиӣ хабарҳо ба даст нарасидаанд.
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла пойгоҳи http://xn--arthquaketrack-zvl.com/ дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 4 заминларза,  дар як моҳи охир 17 заминларза ва дар як соли охир 256 заминларзаи шиддаташон тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёдро сабт кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.