расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ РОНАНДАВУ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР КӮШОНИЁН

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАВУ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР КӮШОНИЁН

ҲАЛОКАТИ РОНАНДАВУ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР КӮШОНИЁН
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшони ин ниҳод  рӯзи якшанбе, 1 октябри соли 2023 дар рафъи оқибатҳои як садамаи марговар дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон иштирок кардаанд. Рӯзи 1 октябр, соати 12:20, ба қисми навбатдории раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон дар бораи як садамаи марговар дар ҳудуди деҳаи Қаҳрамони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён хабар расидааст. Наҷотбахшони ин идора ба ҷои ҳодиса расида, муайян кардаанд, ки як мошини сабукрави тамғаи “Opel Astra F” таҳти идораи сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, ба сабаби аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда, ба мошини боркаши тамғаи “Mercedes-Benz Sprinter” бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи “Опел” ва як зани мусофири 53-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Наҷотбахшон бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасадҳои ҳалокатшудагонро аз дохили мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Бино ба охирин омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Аммо дар моҳҳои охир, тавре ба назар мерасад, шумораи садамаҳои пурқурбонӣ афзоиш ёфтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.