расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ РУСИЯ ЁД ГИРИФТАНД? ИХРОҶИ 30 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ҚАЗОҚИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ РУСИЯ ЁД ГИРИФТАНД? ИХРОҶИ 30 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ҚАЗОҚИСТОН

АЗ РУСИЯ ЁД ГИРИФТАНД? ИХРОҶИ 30 МУҲОҶИРИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК АЗ ҚАЗОҚИСТОН 
Пулиси шаҳри Алма-Ато 30 шаҳрванди Тоҷикистону Ӯзбекистонро бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аз қаламрави Қазоқистон ихроҷ кардааст. 
Пойгоҳи хабарии Polisia.kz хабар дод, ки кормандони пулис из 30 нафарро рӯзи 3 сентябри соли 2023 дар автобуси махсус бор карда, ба гузаргоҳи “Жибек Жоли” дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон овардаанд ва аз ҳамин гузаргоҳ аз Қазоқистон берунашон кардаанд. Гуфтанист, ки ин гузаргоҳ  дар фосилаи тақрибан 800 километр аз шаҳри Алма-Ато ҷойгир шудааст. Дар хадамоти муҳоҷирати Алма-Ато гуфтаанд, ки ин муҳоҷирони ғайриқонуниро дар ҷараёни рейди вижае бо номи “Участок”, ки дар шаҳри бузургтарин ва пойтахти собиқи Қазоқистон 18 рӯз идома дошт, муайян ва дастгир кардаанд.
Қазоқистон, ки кишвари саршор аз маъданҳои табиӣ, бо шумули нафту газ ва аз нигоҳи саноатӣ нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна пешрафта ба шумор меравад, баъди Русия ба дуюмин бозори бузурги кор барои муҳоҷирони корӣ аз ин минтақа, аз ҷумла барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон табдил ёфтааст. Як қисми ин муҳоҷирон дар Қазоқистон даҳҳо ҳазор тан аз зодагони Осиёи Миёнаанд, ки ба далелҳои мухталиф, аз ҷумла барои вайрон кардан қоидаҳои муҳоҷират, аз Русия ронда шудаву аз ҳаққи убури марзи ин кишвар барои чанд сол маҳрум гардидаанд ва ба ин далел, худро ба бозори кори Қазоқистон мезананд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.