расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ДУ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ДУШАНБЕ - ДЕҲЛӢ 5,5 КИЛО ХИШТҲОИ ТИЛЛО ЁФТААНД

Асосӣ / Муҳоҷир

АЗ ДУ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ДУШАНБЕ - ДЕҲЛӢ 5,5 КИЛО ХИШТҲОИ ТИЛЛО ЁФТААНД

АЗ ДУ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ ДУШАНБЕ - ДЕҲЛӢ 5,5 КИЛО ХИШТҲОИ ТИЛЛО ЁФТААНД 
Кормандони боҷхона ё гумруки фурудгоҳи Деҳлии нав, пойтахти Ҳиндустон аз ду мусофири парвози Душанбе -  Деҳлӣ панҷуним кило тилло дарёфт ва мусодира кардаанд. Дар ин бора рӯзи 2 сентябри соли 2023 дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) бо нашри акси чанд хишти тилло боҷхонаи фурудгоҳ ва дигар нуқтаҳои гумрукии Деҳлӣ хабар дод: “Дар натиҷаи тафтиши мӯшикофона ва ташхиси мусофирон, кормандони боҷхона аз як шарванди Русия ва як шарванди Тоҷикистое, ки ба Деҳлии нав аз Душанбе омада буданд, 5 килою 488 грамм тилло дарёфт ва мусодира карда шуд. Арзиши ин бори ёфтшуда 2,73 лак рупияи ҳиндиро ташкил медиҳад. Ҳарду мусофир ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтиши ин қазия идома дорад”. Як лак дар ҳисоби ҳиндӣ баробари 10 миллион буда, 2,73 лак рупияи ҳиндӣ баробари тақрибан 330 ҳазор доллар aст.
Тафсилоти дигари ин қазия ва кай дастгир шудани он ду мусофири аз Душанбе ба Ҳиндустон сафаркарда гуфта нашудааст. Аммо ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳар рӯзи душанбе ва панҷшанбе аз Душанбе ба Деҳлии нав парвоз мекунад ва охирин парвозаш рӯзи 31 августи соли 2023 сурат гирифта буд.
Ин нахустин мавриди бо иттиҳоми қочоқ дар фурудгоҳи Деҳлӣ ба даст афтодани шаҳрвандони Тоҷикистон нест.Боҷхонаи Деҳлӣ 21 июли соли 2023 хабар дода буд, ки аз 3 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи пойтахти Ҳиндустон азми сафари Истанбулро доштанд, маблағи бузурги арзи хориҷӣ: 720 ҳазор доллари Амрико ва 664 ҳазор евро дарёфт ва мусодира кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.