расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 4 КУШТА ДАР 4 САДАМА ДАР КӮШОНИЁНУ ЗАЙНАБОБОД ВА КОНИБОДОМУ ВОСЕЪ

Асосӣ / Ҷомеа

4 КУШТА ДАР 4 САДАМА ДАР КӮШОНИЁНУ ЗАЙНАБОБОД ВА КОНИБОДОМУ ВОСЕЪ


4 КУШТА ДАР 4 САДАМА ДАР КӮШОНИЁНУ ЗАЙНАБОБОД ВА КОНИБОДОМУ ВОСЕЪ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 6 то 8 июли соли 2023 бар асари 4 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ 4 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки 8-сола ва 4-сола ва зани 47-солаи савори аробаи маъюбӣ ҷон бохта, дастикам ду каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Аз ҷумла 8-уми июли соли 2023, тахминан соати 08:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуҷабборзода Нурулло Абдуҷаббор, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Конибодом-Деҳмой», дар ҳудуди деҳаи Ниёзбек дар канори шаҳри Конибодом аробачаи маъюбии пиёдагард Ҳайдарова Нигора Ҳусейновна, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Ҳайдарова Н.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
8-уми июли соли 2023, тахминан соатҳои 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21093”, Ғуломшоев Сино Қиматшоевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба чуқурӣ чаппа шудааст.Дар натиҷа, худи ронанда Ғуломшоев С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Нусратшоев Сураҷ Сиддиқалиевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Хоруғ ва Фарухшозода Фурқат, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Роштқалъа, ба саломатиашон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.