расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Арманистон рафт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи СААД ба Арманистон рафт


Имрӯз, 23-юми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ба Арманистон сафар кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа, Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии СААД суханронӣ кунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарони кишварҳои СААД ба ифтихори 30-солагии ин имзои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси САА дар шаҳри Маскави Русия ширкат карда буд.
Дар соли 2022 садорати СААД ба Арманистон дода шуд. 
Паймони амнияти дастаҷамъӣ 15 майи соли 1992 дар Тошканд ба имзо расид. Баъдан Ӯзбекистон аз узвияти ин созмон берун рафт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.