расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Эродҳои вазир ислоҳ нашуд. Роҳбари кӯдакистон барканор ва директори мактаб ба кори дигар гузаронида шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Эродҳои вазир ислоҳ нашуд. Роҳбари кӯдакистон барканор ва директори мактаб ба кори дигар гузаронида шуд


Директори кӯдакистони №134-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки чанде пештар Раҳим Саидзода, вазири мориф ва илми Тоҷикистон дар фаъолияти он камбудиҳоро ошкор карда, барои ислоҳи он муҳлат дода буд, барои бартараф накардани норасоиҳо аз вазифа озод шудааст. 
Дар ин бора аз маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар медиҳанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, директори мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар фаъолияти он ҳам камбудиҳо ошкор шуда буд, барои дар муҳлати муайяншуда бартараф накардани он, аз вазифа озод ва ба маснаби дигар таъйин шудааст.
Маълум нест, ки ӯ мансаби пасттар гирифтааст ё баландтар.
Вазорат мегӯяд, барои санҷиши рафти иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, мовини вазир ба кӯдакистони №134 ва мактаби №42-и ноҳияи Фирдавсӣ рафта буд.
Аз ин ниҳод афзуданд, санҷиши дубора маълум кард, ки ҳанӯз ҳам дар кӯдакистони №42 баъзе камбудиҳо ҷой доранд.
“Аз ҷумла, ҳанӯз ҳам дар саҳни муассиса нигаҳдорӣ шудани қутиҳои партов, иваз нагардидани шишаҳои шикастаи тирезаҳо, норасоии ҷойи нишаст ва дар як синф якҷо дарс гузаштани ду омӯзгор ба хонандагон аз ҷумлаи камбудиҳое буд, ки дар рафти боздиди муовини вазир аз муассиса ба мушоҳида расиданд”, - гуфтанд аз вазорат.Ин ниҳод мегӯяд, бори дигар ба роҳбарони муассисаҳои таълимии болозикр ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешанд.
Онҳо гуфтанд дар сурати иҷро накардани камбудиҳо нисбати директорон ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия чораи зарурӣ андешида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми октябр Раҳим Саидзода зимни боздид аз кӯдакистони №134 ва мактаби №42 ноҳияи Фирдавсӣ риоя нагардидани реҷаи корӣ, тибқи меъёр ва дар вақти муқарраршуда надодани хӯрок ба кӯдакон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани корҳои тарбиявиро ошкор ва ба директорону мудири маорифи ин ноҳия барои ислоҳи камбудиҳо як ҳафта муҳлат дода буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.