расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Музокирот миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои бозгардонидани субот дар марз идома дорад


Мақомот ду кишвари ҳамсоя барои бозгардонидани оромишу субот ба минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон пушти мизи музокира нишастанд

ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи нейтралӣ миёни деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара ва мавзеи Каробоғи ноҳияи Бодканди Қирғизистон пушти мизи музокира нишсатанд, иттилоъ додааст манбаъ аз шаҳрдории Исфара.
Музокираи мазкур пас аз чанд ҳодисаи тирпарронӣ, ки ахиран дар марзи ду кишвар сар зад ва боиси кушта шудани ду марзбон ва захми шудани 6 нафари дигар шуд, сурат гирифт.
Дар ин музокирот Тоҷикистонро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, сардори Раёсати ВКД-и Тоҷикистон генерал Абдулло Навҷувонов, Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара, ва дигар раисони ҷамоатҳои наздимарзии шаҳри Исфара намояндагӣ мекунанд.
Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот раиси вилояти Бодканд Абдикарим Олимбоев намояндагӣ мекунад.
Манбаъ қайд кардааст, ки музокирот миёни ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баъд аз зуҳр шурӯъ шуд ва то ҳол идома дорад.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз Тоҷикистон сарҳадбонони қирғизро дар гулӯлаборон кардани постгоҳи сарҳадии "Кех" дар ҷамоати Ворух муттаҳам кард.
КДАМ Тоҷикистон хабар додааст, ки сарҳадбонони дидбонгоҳи марзии "Булакбошӣ"-и Бодканди Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии "Кех"-и отряди сарҳадии Исфараи Тоҷикистон аз минамёт гулӯлаҳо партофтаанд.
Ба иттилои манбаъ, тақрибан соати 7:15 дақиқаи 14 сентябр нерӯҳои қирғиз бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла сӯи постгоҳи "Кех" парондаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.