Суҳроби мо, куҷоӣ?

Санаи 11-уми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ёдбуди сарояндаи эстрадаи шинохтаи тоҷик Суҳроби Сафарзод бо унвони «Шамими хотира» баргузор гардид.
Суҳроби Сафарод, яке аз сарояндаҳои эстрадаи тоҷик, дар муддати хеле кӯтоҳ байни мардум шуҳратёр гардида буд. Суҳроб дар рӯзҳои аввалини ба саҳна қадам гузоштанаш аз кулли сарояндагони ҷавони эстрадаи тоҷик бартарӣ дошт. Интихоби оҳанг, дарк ва фаҳмиши суханро бо малака ва дониши амиқ санҷида, дар эҷодиёти худ васеъ истифода менамуд. Ӯ дар ҷодаи санъат роҳ ва шеваи худро дарёфта буд. Бинобар ҳамин, Суҳроб дар олами санъати эстрада мавқеи хоси худро пайдо кард. Ҳар суруд ва оҳанге, ки аз ҷониби Суҳроб эҷод мегардид, мардум зуд мепазируфт. Зеро суруду оҳангҳои офаридаи Суҳроб бо як санъати баланд буд.
Ӯ аз худ ва ҳунари худ қаноатманд набуд, ҳамеша ҷаҳуду талош мекард, ки ба касбият бирасад. Дар ҷое Суҳроб худ гуфта буд, ки «ман касбияти ҳунарамро баланд бардоштан мехоҳам». Мекӯшид, ки бо завқи мухлисон эҷод кунад ва сарояд. Нисбати мухлисони худ эҳтироми калон дошт ва ҳамеша мегуфт, ки «болҳои оҳанинам мухлисонанд». 
Имрӯз ҳам мухлисонаш ӯро ёд карда, арҷ ба ҳунараш гузошта, ба ёдбудаш омаданд. Ҳама рафиқон ва ҳамкасбони шодравон барои ёду хотир ин барномаро ташкил намуданд. Яке аз рафиқон ва ҳамкасби Суҳроб - Фаррух Субҳонзод, ки бо ташаббус ва кӯшиши ӯ ин ёдбуд ташкил шудаст, дар суҳбат ба мо гуфт: «Орзуи ман буд, ки ёдбуди Суҳробҷонро гузаронам. Бо кӯмаки бародарон ин ёдбудро ташкил намудам ва аз ҳамаи ҳунармандоне, ки дар ин ҷо иштирок доранд, барои дастгириашон миннадорӣ мекунам. Ин ёдбуд ба хотри рӯзи маргаш бахшида шудааст, ки шодравон санаи 9-уми декабр гузашта буданд. Мо бо устод Суҳроб бисёр нақшаҳо доштем, вале афсӯс, ки марги нобаҳангом ӯро аз байни мо рабуд». 
Фаррухи Субҳонзод хеле меболид, ки «ман ба таманнои дили хеш имрӯз расидам». Дар воқеъ, ӯ тавонист руҳу арвоҳи дӯсти худро бо ин иқдоми наҷибаш шод гардонад. Ҳама талошаш аз баргузории ёдбуд ин аст, ки ному ҳунари шодравон Суҳроби Сафарзод ҷовидона бимонад.
Ҳунарманди маъруф Садриддин Наҷмиддин бо ҳазор афсӯс аз марги нобаҳангоми Суҳроб ёд намуд, ки:
Суҳроби мо, куҷоӣ?...
Ӯ гуфт: «Ман фикр мекунам, ки Суҳроб на танҳо дар дили ман, балки дар дили ҳамагон зинда аст». 
Дар идомаи гуфтораш Садриддин ёде аз хотираҳои бо Суҳроб доштааш карда, гуфт, ки «ман аввалин ҳунармандеро, ки берун аз Тоҷикистон бурда будам, Суҳроби Сафарзод буд. Дар нахустин рӯзҳое, ки ман ҳунари худро аз Тоҷикистон берун муаррифӣ мекардам, Суҳроб ҳамеша он замонҳо дар канори ман буд. Боварӣ дорам, ки агар имрӯз Суҳроб зинда мебуд, дар байни кулли форсизабонони дунё шинохта мешуд». 
Садриддин мегӯяд, ки бо Суҳроб қариб ҳамеша якҷо будаанд. Чи тавре ки мусоҳиби мо иброз дошт, «Cуҳроб дар зиндагӣ дилшикаста буд. Ӯ дар синни хурдсолӣ аз падар зиндаҷудо гардида буд ва ин дард ӯро азоб медод. Мо бо ҳам менишастем ва арзи дил мекардем». 
Инсонро дард ва камиву костагӣ обутоб медиҳад ва худшинос мекунад. Чи тавре ки зингдагиномаи Суҳроб худ иброз медорад, ӯ аз аҳли дард буд, вале инро аз мардум пинҳон медошт. Бо ҳама нобаробариҳои зиндагиаш Суҳроб мубориза мебурд. Тавассути сурудҳояш дарду алами худро мебаровард. Бо як суруди хеш ӯ хеле рушан арз мекунад, ки «аз бепарастории хеш, гоҳе фиғон бардоштам». Ва ҳамин тавр, дунё низ ба ӯ вафо накард. 
Бо ҳазор андуҳ дӯст ва ҳампешаи дигари шодравон Суҳроб - Баҳром Ғафурӣ иброз дошт, ки «Суҳроби Сафарзод ҳунарманди хуб буд. Гумон мекунам, агар ҳозир зинда мебуд, дар ҷаҳон яке аз ситораҳои машҳур мешуд. Ман вақте дар Амрико будам бо ҳамроҳии ҳунармандони эронӣ, дар «Ютуб» ҳунармандони худамонро тамошо мекардем ва ман аз эшон суол кардам, ки аз ҳунармандони тоҷик кадоме ба шумо садову ҳунараш бештар писанд аст? Ҳама бо як овоз гуфтанд, ки Суҳроби Сафарзод. Суҳроб равияи хоси худро дошт ва дар ҷои намоён буд. Мардуми тоҷик ӯро дӯст медоштанд ва ҳоло низ ҳунарашро дӯст медоранд. Марги Суҳроб барои санъати эстрадаи тоҷик бохте буд, ки инро мо аз холигии ҷояш пай мебарем. Инчунин, ҳамон рӯзи маргаш ҳама хунҷигар шуда буданд». 
Вақте мо аз ҳампешагони шодравон андешаҳояшонро нисбаташ мешунидем, беихтиёр дил гиря мекард, ки чӣ ҳунармандеро аз даст додаем. Албатта, Суҳроб андак ҳам бошад, хидмати худро ба ҷомеа карда рафт.
Ҳабиба Давлатова аз Суҳроб ёд намуда, афсӯс хурд, ки «ҷавон аз дунё рафт». Ҳабиба мегӯяд: «Ман бо шодравон ҳамкориҳо доштам ва бо пешниҳоди он кас мо дар якҷоягӣ сурудеро хонда будем ва он суруд то ҳол дар байни мардум шуҳрат дорад».
Зимнан, як нафар навозанда Суҳробро ҳунарманди нотакрор унвон намуда, илова кард, ки «Суҳроб аллакай дар ҳамон вақт ба синну солаш нигоҳ накарда, дар ҷодаи санъат ҷои худро дошт. Агар имрӯз зинда мебуд, ман бовар дорам, ки шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекард». 
Яке аз пайравон ва шогирди Суҳроб - Алиҷони Рустам дар суҳбат бо мо гуфт, ки «ман мухлиси Суҳроби Сафарзод ҳастам ва сурудҳояшро мехонаму ҳамеша ёди ӯ бо ман аст, зеро Суҳроб ба ман чун ако буд».
То охирин нафас Суҳроб талош мекард, ки ба мардум хидмати арзадае карда бошад ва ҳамин орзуро дошт, ки ҳунармандони асил рӯи саҳна ҳунарнамоӣ намоянд. Вақте суол кардем, ки имрӯз дар эстрадаи тоҷик беҳисоб ситораҳо пайдо гардидаанд, дар ҷавоб Баҳроми Ғафурӣ гуфт, ки  «ин хуб аст, ки ҳунармандони хуб пайдо мешаванд, аммо ҳастанд шахсоне, ки бояд дар олами санъат пайдо намешуданд». Гуфтем, ки чи гуна метавон сари роҳи ҳунармандони тасодуфиро гирифт? Баҳроми Ғафурӣ иброз дошт, ки «бояд ниҳоде ташкил дода шавад, ки матну оҳанги ҳунармандонро пеш аз пешкаши мардум намудан бисанҷанд. Ин вазифаи Вазорати фарҳанг ва дигар ниҳодҳои дахлдор аст, ки чунин як ниҳоде ташкил кунанд. Чаро барномаҳои телевизионҳову консертҳо ва радиоҳоро назорат мекунанд, ки фалон ҳунарманд роҳ дода шаваду фалонаш не, аммо чунин ниҳодро ташкил намуда наметавонанд?». 
Бале, бояд мо чунин ниҳод ташкил кунем, то сараро аз носара фарқ кунем ва бо ҳамин баҳона саъати тоҷикро аз тасодуфиҳо пок созем. Ин иқдом метавонад сатҳи касбияти ҳунармандони тоҷикро баланд бардорад. 
Ҳозир ки компютер баромадааст, ҳама бо фонограмма мехонанд. Албатта дуруст аст, ки бе фонограмма намешавад, аммо фонограмма бояд дар ҷое истифода шавад, ки имкони зинда сароидан нест. Лекин имрӯз аксар ҳофизон бо истифодаи фонограмма ҳунарнамоӣ мекунанд, ки ин хуб нест. Агар зиндасароӣ зиёд шавад, ҳунармандон гӯё як навъ аз элак гузаронида мешаванд. Садриддин Наҷмиддин дар ин маврид мегӯяд, ки «пул дошта бошӣ, агар ҳунарманд набошӣ ҳам, худро ҳунарманд месозӣ. Рости гап, ҳамин гуна ҳунармандон бисёр шудаанд ва ҳунармандони асилро ҳам, ки камтар ҳунари тоҷикро пеш мебаранду баланд мебардоранд, дар қатори онҳо мегузоранд. Лекин як чизро мегӯям, ки тилло аз байни ифлосиҳо ҳам  мебарояд». 
Садриддин аз муносибати бархе зимомдорон изҳори ранҷиш карда, мегӯяд: «Ба нотавонбинҳое, ки чанд соли охир дар ҷомеаи фарҳангии мо пайдо шудаанд ва ҳунармандонро ба гуруҳҳо тақсим мекунанду дар рӯйхати сиёҳу сафед мегузоранд, гуфтанӣ ҳастам, ки дунё ба Суҳроби азиз вафодорӣ накард, ба шумо низ нахоҳад кард. Кинаву бадбиниро аз дилҳояшон партоянд, ба хотири фарҳангу маърифати ҷомеа кор кунанд, на ба хотири худ ва хусумати шахсии худ, ки фалон ҳунармандро намехоҳем дар ину он ҷо баромад кунад». 
Садриддин нигаронӣ карда, бо таассуф мегӯяд, ки «ҳоло касе шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо намекунад, ба ғайр аз чанд бечорае, ки моҳвора надоранд ва маҷбур тамошо мекунанд. Ба хотири он шабакаҳои худамонро тамошо намекунанд, ки ягон барномаи ҷолиб надоранд». 
Ба андешаи Садриддини Наҷмиддин, ҳамин муносибатҳо Суҳроб ва ӯ баринҳоро дилшикаста кардаву шикаст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон