расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Қазоқистон гурӯҳе аз қарздорон бахшиши қарзҳояшонро талаб карданд

. / Ҷомеа

Дар Қазоқистон гурӯҳе аз қарздорон бахшиши қарзҳояшонро талаб карданд

Шаҳри Нурсултон. 24 август.

Гуруҳе аз сокинони Қазоқистон, ки аз бонкҳо қарз гирифтаанд, рӯзи 24 август аз шаҳрҳои гуногуни он кишвар дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд. Онҳо талаб карданд, ки фоизи қарзҳо кам ва қарзҳое бахшида шаванд, ки барои хариди манзил гирифта шудаанд.
Ба гуфтаи Канагат Такеев, фаъоли ҷамъиятӣ, барои бозсармоягузории қарзҳои ипотекӣ ҳукумат 44,6 миллиард танга ҷудо кард. Барномаи кӯмак воқеан муфид буд, аммо шаҳрвандоне, ки солҳои тӯлонӣ дар талаби сабуксозии шартҳои қарз буданд, аз сӯи ҳукумат ҳеч кӯмаке дарёфт накарданд.
"Мо бори дигар аз доира берун мондем. Бонкҳо бозсармоягузориро нисбати мо рад мекунанд. Ҳеч кадом бонк розӣ намешавад. Маблағ ҷудо шудааст, вале онро намешавад дарёфт кард. Мо барои он ба кӯча баромадем, ки ба мо таваҷҷуҳ шавад. Аз даву тоз ба идораҳо хаста шудем", - гуфт вай.
Эътирозгарон дар тан либосҳоеро пӯшида буданд, ки дар онҳо шиорҳои "Талаби авфи қарзро дорем", "Авф мардумро наҷот медиҳад", "Нест бод суд-иҷрочиён".
Намояндаи ҳукумат назди эътирозгарон баромада, эълом кард, ки ҷамъшавии онҳо ғайриқонунӣ аст. Пулис аз дур эътирози сокинонро назорат мекард, аммо дахолате накард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.