расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » ҲАМЛА БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: ТУ, ЗАРДУШТӢ, БА РИШИ ДОМУЛЛОИ МО ЧӢ КОР ДОРӢ?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

ҲАМЛА БА АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: ТУ, ЗАРДУШТӢ, БА РИШИ ДОМУЛЛОИ МО ЧӢ КОР ДОРӢ?


Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ, ки бо баҳсҳои тундаш пиромуни масоили гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном баровардааст, шоми 14 феврал дар Душанбе мавриди ҳамлаи лафзии як ҷавон қарор гирифтааст.  Абдуқодир Талбаков ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, дар назди фурӯшгоҳи “Марва” дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе як ҷавон ба вай ҳамла оварда,  таҳдиди куштан кардааст. “Ту, зардуштии ҳаром, ба риши домуллои мо чӣ кор дорӣ? Хонаатро медонем, дар ду рӯзи наздик коре мекунем, ки ба зону мезанӣ дар пеши мо!” – гуфтааст вай хитоб ба Талбаков.
Аммо вақте ки баҳсу харшаха авҷ гирифту Абдуқодир Талбаков телефонашро баровард, ки акси ҳамлагарро бигирад, ӯ рӯ ба фирор овард. Бо ин вуҷуд, ба Талбаков муяссар шудааст, ки ҳамлагаррро ҳангоми фирораш аз ҷои ҳодиса аз пушт сурат бигирад. Мақомоти ШВКД №2 ноҳияи Синои пойтахт бар асоси ҳамин акс алакай соате баъд он ҳамлагарро пайдо ва дастгир кардаанд.

Номи ҷавони дастгиршуда нашр нашудааст, вале ба гуфтаи Абдуқодир Талбаков, ӯ як ҷавони ба зоҳир 18–20 сола буда, худро аз муридони Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ ном бурдааст.  Ин  рӯҳонии шинохта дар гузашта бо Талбаков дар Интернет вориди баҳсҳои тунд шуда буд.
“Вақте боздошташ карданд, мункир шуд, зориву илтиҷо ва ҳатто оби дида карду гуфт, ки гумроҳам карданд”, – нақл кард Абдуқодир Талбаков дар суҳбат бо “Бомдод”.
Абдуқодир Талбаков соли гузашта баъди он ки Домулло Абдураҳими Қазоқонӣ дар мавъизааш нисбат ба Зардушт ҳарфҳои дурушт зад, ба ӯ ҷавоб дод ва аз ҷумла гуфт, “ҳар калтариш, ё ҷорӯбриш, ё тоқарише Зардуштро ҳақорат медиҳад, ба судаш медиҳам”.  Домулло Абдураҳим дар ҷавоб Абдуқодир Талбаковро дар Ютуб бо як лаҳни дурушт ҳомии Зардушт  номид. Абдуқодир Талбаков мегӯяд, баъди он мавъизаи Домулло Абдураҳим мавриди маъракаи бадгӯиву ҳамлаҳои лафзии муридони ин рӯҳонӣ қарор гирифтааст.
Абдуқодир Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавзӯъҳои мухталифи ҳам иҷтимоию ҳам сиёсӣ ва ҳам мазҳабӣ изҳори назар мекунад.Ӯ бисёре аз рӯҳониёни тоҷик, аз ҷумла рӯҳониёни шинохтаро ба хурофотпарастию дунёпарастӣ ва вопасгароӣ айбдор мекунад ва Зардуштро Паёмбари бархоста аз миёни эронитаборон номида, аз ӯ гарм ҳимоят мекунад.
Назарҳо ба баҳсҳои Талбаков дар шабакаҳои иҷтимоӣ яксон нест. Ӯро барои ҷасораташ дар матраҳ кардани мушкилоти доғи иҷтимоӣ тавсиф мекунанд, вале на ҳама бо мавқеъгириҳои ӯ дар масоили мазҳабӣ мувофиқанд. Як гуруҳ дар ин бобат ба Талбаков офарин мехонанд, ки нотарсида, бо “фанатикҳо” сарбасар мешавад, вале гуруҳи дигар мазамматаш мекунанд, ки ӯ дониста ё нодониста рӯи муқаддасоти динии мардум пой мегузорад.
Мақомоти милитсия ҳанӯз  хабари боздошти ҷавонеро, ки ба Абдуқодир Талбаков ҳамла ва ӯро таҳдид кардааст, расман шарҳ надодаанд. Назари ҷавони дастгиршуда низ дастрас нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.