расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » 70 корманди мақомоти андоз аз мақом барканор ва 302 касро танбеҳи қатъӣ додаанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ

70 корманди мақомоти андоз аз мақом барканор ва 302 касро танбеҳи қатъӣ додаанд

Давоми як соли ахир 302 кормандони мақомоти андоз дар Суғд танбеҳи қатъӣ гирифта, 32 нафар сарзаниш ва 70 кас аз мансаб барканор шудаанд.  
Дар ин бора Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, вале сабабҳои танбеҳ гирифтану сарзаниш шудан ва аз мақом барканор шудани кормандонашро шарҳ надод. Вай гуфт, дар ин давра 128 нафари дигар дар ин ниҳод соҳиби мансаб шуданд.
Мақомоти андоз нисбати кормандонаш беҳад сахтгир аст. Мо пештар дар нимсол баъдан дар семоҳ ва ҳоло моҳона фаъолияти кормандонро месанҷем”.-гуфт Абдуқаюм Воҳидов  Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта се корманди андоз бо ҷурми ҷинояти қаллобӣ гумонбар шуданд. Абдуқаюм Воҳидов аз ин кормандонаш Зарина Раҳмонова, Далер Ӯлмасов, Боймурод Каримов ном бурда мегӯяд, бар асоси моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ гумонбар мешаванд. “Аз инҳо як кас сармутахассис, ду каси дигар мутахассиси нозироти андоз буданд”-афзуд, сардори Раёсати андоз, вале ҷузъиёти парвандаи онҳоро шарҳ надод.   
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 2-юми феврали ниҳоди зери раҳбарияш низ  эътироф карда буд, ки соли гузашта 12 нафар корманди ниҳоди зери раҳбарияш даст ба фасод задаанд. Вай гуфт, ки соли 2021 дар маҷмуъ 14 ҳолати коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 нафар зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода дар ин давра 42 нафар корманди Кумитаи андоз  барои роҳ додан ба камбудиҳо аз кор ронда шуданд, ки байнашон шахсоне ҳам буданд, ки мансабҳои роҳбарикунанда доштанд.
«Новобаста аз он, ки чораҳоизиёддаркумитаандешидамешавадмутаассифонакамбудиҳо ҷодорад. Ҷиҳатипешгирӣ карданиинамалҳопайвастадар ҷаласаҳонизчораҷӯйӣ  мекунем».-гуфт, раиси Кумитаи андоз.
Дар Тоҷикистон ба далели баланд будани сатҳи андоз, шикоятҳои мақомот аз рӯйпӯш кардани андоз зиёд аст, ки дар аксари маврид бо ҳамдастии нозирони андоз сурат мегирад. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.