расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Аз нафрат ба нафрат: анҷоми баҳси Русия бо НАТО чӣ гуна хоҳад буд?

. / Сиёсат

Аз нафрат ба нафрат: анҷоми баҳси Русия бо НАТО чӣ гуна хоҳад буд?

Охири моҳи январи соли 2022 музокироти ҷиддие байни намояндагони Русия ва Ғарби дастаҷамъӣ сурат гирифт

Дипломатҳо аз Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва мақомоти баландпояи НАТО саъй доранд, як хатти вокуниш ба ташаббусҳои Маскав дар бораи кафолатҳои амниятӣ эҷод кунанд.

То имрӯз дар бораи ҳадди ақалл ишораҳои пешрафт сухан гуфтан мумкин нест.

Намояндагони сиёсии ИМА ва муттаҳидонаш борҳо тезисеро дар бораи «сиёсати дарҳои боз» барои НАТО ва имкон надоштани Русия, як кишвари берун аз паймон, дорои ҳуқуқи вето дар мавриди тавсеъаи ин паймонро такрор мекунанд.

Аз тарафи Русия чунин далел оварда мешавад, ки блоки ҳарбӣ аз руи табиаташ «иттифоқи демократӣ» шуда наметавонад! Гузашта аз ин, ҳуқуқи кишвар барои ворид шудан ба иттиҳодияҳои интегралӣ масъалаи мутлақ буда наметавонад.

Дар он ҳадди ақал бояд манфиатҳои он бозигароне, ки бо ин ё он сабаб ба иттиҳоди ҳарбӣ дохил шуда наметавонанд ё намехоҳанд дохил шаванд, ба назар гирифта шавад. Дар акси ҳол принсипи асосӣ, монанди тақсимнашавандагии амният вайрон карда мешавад.

Дар асл як клуби дорои аъзои имтиёзнок пайдо мешавад, ки қоидаҳои бозиро барои дигарон муайян мекунанд.

Бо вуҷуди тафовути куллии мавқеъҳои асосӣ на Русия ва на Ғарб барои даст кашидан аз музокирот шитоб намекунанд.

Маскав мунтазири посухи хаттӣ дар бораи кафолатҳои амниятӣ аст. Интизор меравад, ки вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ низ барои машваратҳои минбаъда бо раҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ин ҷо сафар кунанд.

Ҳамсоядории душвор

Дар ин силсилаи мулоқотҳо, гуфтушунидҳо, мулоҳизаҳо ва изхоротҳо пай набурдан мумкин нест, ки вазъият дар фазои Иттиходи Шӯравии собиқ дар авлавияти муҳимтарини рӯзномаи Аврупо қарор дорад.

Аз як тараф Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш кӯшиш мекунанд, ки як навъ «ғамхорӣ"-и дипломатӣ анҷом диҳанд, то мавзӯи музокиротро ба Украина ва «таҳдиди ҳамлаи Русия» танг кунанд.

Мақсад рӯшан аст: табдил додани мавзуъ аз аз проблемаҳои умумӣ ва принсипҳои амнияти Аврупо ба як масъалаи хос ва маҷбур кардани рақиб ба мавзеъгирии дифоӣ.

Аммо барои Русия масъалаи таъмини амният дар хориҷи наздик мақоми муҳими ибтидоӣ дорад, ки бидуни он дар бораи ҳама чизе, ки Маскавро нигарон мекунад, ҳарф задан ниҳоят душвор аст.

Гузашта аз ин аз се буҳрони системавӣ дар муносибат бо НАТО вуҷуд дошта, ки дутои он маҳз ба хотири барномаҳои пасошӯравӣ ба вуҷуд омадааст. Якум, дахолати НАТО дар Югославияи собиқ дар моҳҳои март-июни соли 1999, дуюм, «ҷанги панҷрӯза» дар Гурҷистон ва саввум — оғози буҳрони Украина ва тасдиқи юрисдиксияи Русия бар Қрим.

Дар сурати якхела будани равандҳои бисёре, ки дар давраи пошхӯрии ИҶШС ба амал омадаанд, аҳамияти пайвастани амнияти умумии Аврупо ба рӯзномаи пасошӯравӣ боз ҳам бештар мешавад.


Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.