расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вокуниши Манижа ба хейтерҳо, ки мегӯянд, худро "тоҷик" нагӯяд: Ин зиндагии ман аст

. / Ҷомеа

Вокуниши Манижа ба хейтерҳо, ки мегӯянд, худро "тоҷик" нагӯяд: Ин зиндагии ман аст

Пас аз чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии «Equal» интихоб шудан ба Манижа Сангин, ба хейтерҳои тоҷик ҳуҷум карданд

Манижа Сангин ба суханони хейтерҳо, ки мегӯянд, худро «тоҷик» нагӯяд, бо нашри як «Reels» вокуниш кард.

Манижа Сангин мегӯяд, ин зиндагии ӯст ва посухе аз ҳама хуб ба хейтерҳо ҳеҷ кор накардан дар қиболи онҳост.

Дар ҳамин ҳол Манижа Сангин чанд шарҳро, ки зери «Reels"-аш навишта шудааст овардааст:

«Шармандагӣ, на ифтихор. Бигзор, бигӯяд, ки ӯ тоҷик нест. Аз чунин занон шармам меояд» , — навиштаанд дар шарҳҳо.

Ёдовар мешавем, тоҷикдухтари муқими Русия Манижа Сангин чеҳраи барномаи байналмилалии дастгирии занон дар соҳаи мусиқии «Equal» интихоб шуд. То ҳол ягон бор ҳунарманде аз Русия чеҳраи ин барнома нагардида буд.

Манижа нахустин намояндаи Русия мебошад, ки сазовори он гардидааст. Ҳоло аксҳои Манижа дар лавҳаи таблиғотии Таймс-сквери Ню-Йорк пайдо шудаанд.

Манижа, сафири Русия дар СММ дар умури паноҳандагон ин кишварро дар озмуни «Eurovision — 2021» намояндагӣ кард, ки ҷои нуҳумро гирифт.

Вай бо таронаи «Russian Woman» баромад кард, ки боиси эътирози ҷомеа гардид. Манижаро ба таҳрифи симои зани рус ва паст задани фарҳанги ин кишвар муттаҳам карданд.

Манижа дар Тоҷикистон чеҳраи сол интихоб шуд
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон зимни як назарпурсие, ки ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» доир намуд, Манижа Сангин «Чеҳраи сол» интихоб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз ин овозхон 3612 нафар раъй дод.

Сарчашма:​sputnik-tj​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.