расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Масъулини ширкати IRS мегӯянд роҳи Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Масъулини ширкати IRS мегӯянд роҳи Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад!


Масъулини ширкати IRS мегӯянд, шаби гузашта ҳам бориши барф ва фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ идома дошт. Ин ширкат дар хабарномае гуфт, роҳ пурра баста аст ва кормандонашон барои зудтар боз шудани он талош доранд. Мусофироне, ки дар ҳарду тарафи роҳ дармондаанд, аз вазъи бадашон шикоят мекунанд.
Дафтари матбуоти IRS -- ширкати нигоҳубинкунандаи ин роҳ, субҳи 4-уми январ дар хабарномае гуфт, "бартарафсозии тармаҳои боқимонда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш мутташакилона идома дошта, кӯшиш карда истодаем, то роҳ дар наздиктарин фурсат кушода шавад". Аммо ширкат нагуфтааст, ки дақиқан роҳ кай боз мешавад.
Дар хабарномаи ширкати IRS аз сокинон хоста шудааст, то эълони кушодашавии роҳ аз сафар тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ худдорӣ намоянд.
Ҳоло дар ҳарду тарафи роҳ мошинҳои зиёде ҷамъ шудаанд ва мунтазири боз шудани роҳ мебошанд. Аз ҷумла Шаҳноза, як сокини шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ дар шароити истодаанд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, танҳо дар инҷо 63 нақлиёти сабукрав бо қариб 400 одам истодаанд. “Ҳамаамон дар ошхона нишастаем, ҳатто чой нест. Бо навбат даромада дар ошхона гарм шуда, боз берун мебароем",-гуфт, ин ҳамсуҳбати мо.
Тармафароӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ баъд аз зуҳри 3-юми январ оғоз шуд. Шоми 3-юми январ дар пайи фаромадани тарма 25 мошин дар ин роҳ дармонданд. Тармафароӣ аз километри 62 то 73 рӯй дод ва 25 мошин ҳам дар ҳамин қисмати роҳ банд мондаанд. Аз инҳо 20 мошини сабукрав буда, боқӣ нақлиёти боркашон будаанд. Масъулини ширкат гуфтанд, ҳамаи ин мошинҳоро аз минтақаи хатарнок берун баровардаанд. Инчунин, ба гуфтаи масъулини ширкат, тарма ду мошини сабукравро пӯшондааст. Дар тармафароии дирӯз ва имрӯз, ба гуфтаи масъулини ширкати IRS, "то ин дам талафоти ҷонӣ нест".
Феълан роҳи Душанбе-Чаноқ пурра бастааст. Масъулини ширкати IRS мегӯянд, барфрезӣ дар қисмати ноҳияи Варзоб хеле сахт аст. Боридани барф се рӯз аст, ки давом дорад. Маълум нест, ки роҳи асосӣ ба шимоли кишвар кай боз мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.