расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Бохтар аз ҷониби Федератсияи Россия бунёди муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда идома дорад

. / Ҷомеа

Дар Бохтар аз ҷониби Федератсияи Россия бунёди муассисаи таълимӣ барои 1200 хонанда идома дорад


Дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Бохтари вилояти Хатлон  аз ҷониби Федератсияи Россия сохтмони муассисаи таълимӣ, ки барои 1200 хонанда  пешбинӣ гардидааст, идома дорад. Масъалаи ҷараёни  корҳои сохтмонӣ дар  муассисаи мазкур яке аз мавзӯъҳои асосии баррасишуда  дар  мулоқоти раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода бо намояндаи Сафорати  Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Бурулко, ки 2 сентябр доир шуд, гардид.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Бохтар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода  барои ҳамкории самаровар  дар соҳаҳои гуногуни шаҳр  ба  намояндаи Сафорати  Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Бурулко  миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда ин ҳамкорӣ  боз ҳам бештар  густариш хоҳад ёфт.

Намояндаи Сафорати  Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Бурулко дар навбати худ изҳор дошт, ки онҳо низ ҳавасманди густариши ҳамкорӣ  дар ҳамаи соҳаҳо бо ҷониби Тоҷикистон,  аз ҷумла бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  ҳастанд.  «Муассисаи таълимии мазкур дар муҳлати муқарраргардида сохта мешавад ва  дар оянда низ мекӯшем дар соҳаи маориф  хамкории зич  ба роҳ монем»,- гуфт  номбурда.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм давоми се соли оянда дар мамлакат  панҷ мактаби русӣ  ба истифода дода мешаванд. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон 15 январи соли равон  ба тасвиб расонида шуд.

Омӯзиш дар ин панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забони русӣ, мувофиқи дастурамали таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Хотиррасон менамоем, ки давоми се сол аст, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия созишнома дар бораи хизматрасонии омӯзгорони русзабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба имзо расонида шуда, мавриди амал қарор дорад. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 нафар омӯзгор аз фанҳои забони русӣ, риёзиёт, кимиё ва биология аз ФР ба кор ҷалб гардидаанд.

Тазаккур бояд  дод, ки забони русӣ дар Тоҷикистон забони муоширати байни миллатҳост, инчунин он яке аз 6 забони расмии Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, забони русӣ дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон аз синфи дуюм омӯзонида мешавад.

Тибқи иттилои масъулини  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар мамлакат 32 мактаби рӯсӣ бо шумораи 718 синф ва  фарогирии 20 ҳозору 956 нафар хонанда ба таълим равона шудааст, ки ин мактабҳо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолият мекунанд. Инчунин дар мамлакат 170 адад муассисаи таҳсилоти миёнае, ки дар онҳо забони тоҷикӣ ва русӣ омӯзонида мешаванд,  фаъолият намуда, дар онҳо  72 ҳазору 607 хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.