расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ШАҲРАКИ НАВ БАРОИ СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ ХУРОСОН

. / Ҷомеа

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ШАҲРАКИ НАВ БАРОИ СОКИНОНИ СЕЛЗАДАИ ХУРОСОН

Рӯзи 1 сентябр дар мавзеи Чорбоғи ноҳияи Хуросон маросими ифтитоҳи шаҳраки нав барои сокинони селзадаи ин ноҳия доир шуд. Дар ин маросим сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешниҳод кардааст, ки ин шаҳраки иборат аз 67 хона "30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон” ном гузошта шавад. Сокинони селзадаи Хуросон дар аввали моҳи май бо талаби кумак аз ҳукумат тазоҳурот карда, роҳи Душанбе –Бохтарро бастанд. Мақомот баъди ин эътироз барои бунёди хонаҳо барои сокинони селзада иқдом карданд. Ҳамзамон, тақрибан 10 нафар аз сокинон барои иштирок дар эътироз ҳабс шуданд.
Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон ташриф оварда, дар ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ширкат варзиданд.
Тавре иттилоъ дода будем рӯзҳои 14-16-уми майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва 18 – уми анҷумани ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, 67 оила зиёни сахт дида буданд. Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида дасти кӯмак расонида шуд. Ҳам бо масолеҳи сохтмонӣ ва ҳам бо маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Сиёсати иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, барояшон ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид. Ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода ба Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, боздид аз ин мавзеъ ва суҳбату мулоқот бо сокинони деҳаи 30–солагии истиқлолият ба мардуми зиёндида дилгармии хоса бахшид.


 

Ноҳияи Хуросон: дар кутоҳтарин фурсат шаҳраки замонавӣ барои осебдидагон ба истифода дода шуд

КҲФ Тоҷикистон
1 сентябри соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шаҳраки тозабунёди муосире, ки барои сокинони осебдида дар сели моҳи майи соли равон сохта шуда буд, ифтитоҳ намуд. Дар маросими ба истифода додани шаҳрак Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар роҳбарони вазорати идораҳо ширкат намуданд.
Дар ин шаҳраки навобод ҳамаи 67 хонаи истиқоматӣ пурра омода ва ба истифода дода шуданд. Сарвазир ва ҳамроҳони вай аз хонаҳо ва бунгоҳи тиббӣ дидан карданд. Онҳо ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Бо пешниҳоди Сарвазир қарор қабул шуд, ки шаҳраки нав "30-солагии Истиқлолияти давлатӣ” номида шавад.
Дар шаҳрак корҳои сохтмони сартарошхона, маркази савдо ва дорухона ҳамоно идома дорад. То кунун 1,4 километр роҳ мумфарш шуда шуда, 18 чоҳи об кофта ба истифода дода шудааст, барои таъмини сокинон бо нерӯи барқ 83 симчӯби баландшиддат ва ду трансформатор шинонда шудааст.
Зимни суханронии худ дар ин маврид Сарвазири кишвар қайд кард, ки баъди селҳои харобиовари моҳи май дар ин макони нав барои осебдидагон ва кулли онҳое, ки хонаҳои хешро аз даст доданд, дар як муддати басо кутоҳ сохтмони хонаҳои замонавиву зебои истиқоматӣ анҷом шуд, бо ҳама асбобу ашёи зарурӣ таъмин гардид ва ба соҳибонашон тақдим шуд.
Ғайр аз ин чанде пештар аз ҷониби КҲФ ба сокинони ин хонаҳои навбунёд бистару болишт, асбобҳои зарурӣ барои ошхона, аз ҷумла дегу табақ, сатилҳо, корду қошуқ ва ғайра расонда шуд.
Дар навбати худ сокинон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои саривақтӣ ва ёриҳое, ки ба шарофати онҳо дар кутоҳтарин муддат ин хонаҳо қомат рост карданд ва осебдидагон бо манзилҳои нав таъмин гардиданд, изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.