Ошкор гардидани ҷиноятҳои авбошӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.Номбурда, 16-уми феврали соли 2021, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Сари-пули ҷамоати шаҳраки мазкур қарор доштанаш аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 45-солаи сокини шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди ошхонагӣ бо мақсади задан ба ӯ дарафтодааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 9 ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбаршаванда дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, аз ҳиссиёти авбошӣ дар назди толори МТМУ №2 бо ҳамдигар ҷангу ҷанҷол намуда, як нафарашон бо корди қатшавандаи кисагӣ 1-маротиба ба қисмати пушти дигараш задааст.
Дар натиҷа нафари захмигардида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.