расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Асосӣ / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон

Дар ВКД, Қушӯнҳои саҳадии КДАМ ва КҲФ-и ҷумҳурӣ тағйирот сурат гирифт.

Акси марбута
Сурат: аз informburo.kz
Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати кишвар дар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ як қатор тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Асомуддин Ахмедов аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба ақибгоҳ озод гардида, Раҷаб Саодатзода ба ин вазифа таъин гардид.
Дар асоси қарорҳои ҳукумати ҶТ муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз вазифа озод гардида, ба ҷойи онҳо нафарони тоза таъин шудаанд.
Ҳотамшо Латифзода муовини якум, Имомалӣ Иброҳимзода ва Сулаймон Исозода муовинони нави раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон таъин шудаанд.
Дар мувофиқа бо сарвари давлат сардорони шуъбаҳои ВКД дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз вазифа озод гардида, дар баъзе аз раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорат низ тағйироти кадрӣ сурат гирифтанд.
Дар воҳидҳои сохторӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ низ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, сардорони Раёсатҳо, қисмҳои низомӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.