Лоиқ Шералӣ- Тоҷикистон

Зиндарўду Панҷрўд

Зи рўди Рўдакӣ бувад

Суруди мо, дуруди мо.

Зи риштаи сухан бувад

Баќои тору пуди мо.

Тулўи меҳри ҷовидон,

Замини бошу буди мо.

Суруди Панҷрўдро

Зи Зиндарўд бишнавем.

Дуруди Зиндарўдро

Зи Панҷрўд бишнавем.

Биё, суруд бишнавем,

Биё, дуруд бишнавем.

Суруде аз ягонагӣ,

Дуруди ҷовидонагӣ.

Зи боғи меҳри мо дамад,

Ҷавонаҳо, ҷавонаҳо.

Зи мағзи ҷони мо расад,

Таронаҳо, таронаҳо.

Бувем бар канори ҳам,

Ба саҳни бекаронаҳо.

Суруди Панҷрўдро,

Зи Зиндарўд бишнавем.

Дуруди Зиндарўдро,

Зи Панҷрўд бишнавем.

Биё, суруд бишнавем,

Биё, дуруд бишнавем.

Суруде аз ягонагӣ,

Дуруди ҷовидонагӣ.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон