расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ошкор гардидани тақаллубкориҳо

. / Ҳаводис

Ошкор гардидани тақаллубкориҳо

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи августи соли 2020 дар назди МС «Саодат», воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Ҳисор, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс МЛ»-ро ба 40 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, гирифтааст.
Ҳамин тариқ, моҳи августи соли 2020 такроран аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 45 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.