расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Додситонӣ 272 қарори раисони шаҳру навоҳии Хатлонро бекор кардааст

. / Ҳаводис

Додситонӣ 272 қарори раисони шаҳру навоҳии Хатлонро бекор кардааст

Ниме аз ин қарорҳо марбут ба тақсими замин будааст.

Сурат: Asia-Plus
Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, ки наздик ба 300 қарори раисони шаҳру навоҳӣ дар ин вилоятро бекор кардааст, ки 85 дар сади онҳо марбут ба тақсими нодурусти замин мебошанд. Соли 2020 дар асоси санҷишҳои додситонӣ дар вилоятӣ Хатлон 271 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бекор карда шудаанд.
Варқа Зайниддин ёрдамчии додситони вилояти Хатлон зимни нишасти матбуоти гуфт, ки қарорҳои бекоршуда дар қиёс ба соли 2019, 57-то зиёд мебошад. Номбурда ҳамчунин илова кард, ки 46 фоизи қарорҳои бекоршуда ба раисони феълан амалкунанда таълуқ дошта 85 фисадашон вобаста ба замин мебошад.
Вобаста ба замин 391 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла нисбати 112 нафар шахсони мансабдор боз шудааст. Дар асоси санадҳои эътиноии додситонӣ 4 ҳазору 120 гектар замине, ки ғайриқонунӣ тақсим шудааст ба ҳолати аввал баргардонда шудаанд, мегӯяд додситонии вилоят.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.