расонаи иттилии - Ориён » . » Варзиш » Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Урдун дар бозии аввали рафиқона

. / Варзиш

Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Урдун дар бозии аввали рафиқона

Вохӯрии дуюм байни дастаҳо пас аз ду рӯз баргузор мешавад.

Сурат: ФФТ
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи 1 феврал дар ҷамъомади таълимӣ ва машқҳои ҷисмонӣ дар Дубай бо тими миллии мунтахаби Урдун бозии рафиқона гузаронид.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) доир гардида, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони Урдун анҷом ёфт, хабар медиҳад маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 37-ум бо зарбаи 11-метра кушода шуда, тӯби дуюм дар охири қисми аввали бозӣ ба ҳадаф расонида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 5 феврал дар Дубай байни мунтахабҳои футболи Урдун ва Тоҷикистон бозии дуюми рафиқона доир мегардад. Ин вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.