расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Боздошти ду ноболиғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

. / Ҳаводис

Боздошти ду ноболиғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми январи соли 2021, тахминан соати 01:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 7 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми январи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи хӯроквориаш, воқеъ дар назди хонаи истиқоматиаш 11 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.