расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Муҳоҷирони тоҷики кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷотдода аз КҲФ мукофот гирифтанд

. / Ҷомеа

Муҳоҷирони тоҷики кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷотдода аз КҲФ мукофот гирифтанд

То омадани оташнишонон онҳо кӯдаконро аз хонаи дудгирифта берун оварданд.


Муҳоҷирони тоҷик Далер ва Фирдавс, ки ҳангоми сӯхтор дар Маскав кӯдаконро наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мукофот гирифтанд.
“Шоҳидоне, ки кӯдаконро ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Кубинка наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулода мактуби изҳори миннатдорӣ гирифтанд. Ҳанӯз то омадани кормандони хадамоти таъҷилӣ Далер ва Фирдавс бо зинапояи оташнишонӣ кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба берун фароварданд. Кӯдаконе, ки рӯзи ҳодиса бо наҷотбахшони худ шинос шуданд, низ аз Вазорат туҳфаҳо гирифтанд”, - хабар медиҳад шабакаи Telegram-и"Москва 24".

Ёдрас мекунем, ки субҳи 26 август дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав сӯхтор сар зада, оташ майдони 55 метри мураббаъро фаро гирифт. 16 нафар наҷот дода шудаанд.
Тоҷикистониён нахуст ба як зане бо захмҳои сӯхта, ки аз даромадгоҳ мебаромад, кумак карда, сипас кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба поён фароварданд.
Ба гуфтаи падари кӯдакон, ҳангоми сӯхтор ҷавон аз тиреза гуфтааст: “Кӯдакро ба ман диҳед” ва бо зинапояи оташнишонӣ ӯро ба поин фаровардааст.
“Ба тиреза нигоҳ кардам, ки як ҷавоне бо зинапояи оташнишонӣ боло меояд ва гуфт: “Кӯдакро ба ман диҳед”. Духтарамро ба дасти ӯ додам ва онҳо поин фаромаданд. Дар фикри додани писарчаамон будем, ки кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулода расиданд. Онҳо боло баромада, ба ӯ ниқоби кислородӣ бастанд ва ба поин расониданд. Дар пайи онҳо мо ҳам фаромадем. Лозим аст, ки чунин одамон зиёд бошанд. Агар онҳо намебуданд, намедонистам, ки ҳоли мо чӣ мешуд”, - гуфтааст падари кӯдакон ва ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.