расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани ҲХДТ интихоб шуд

Асосӣ / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани ҲХДТ интихоб шуд

Ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар саросари кишвар ба охир расид.

Пешвои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сурат: TopTJ.com
Президенти Тоҷикистон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) интихоб шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси вилоятии ҳизб дар Хоруғ вакил интихоб шудааст.
“Ба ин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар саросари кишвар ба охир расид, - қайд кард манбаъ. - Беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён вакили анҷуман интихоб шуданд”.
Қобили зикр аст, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ, ки дар он аз пешбарии номзади ҳизби ҳоким ба мансаби президентӣ интизорӣ меравад, рӯзи 3 сентябр дар маҷмааи “Кохи Борбад” баргузор мешавад.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.
Аксари аъзои ҳукумат, вакилони ҳар ду палатаи парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.