расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Дар Дюсселдорфи Олмон зодаи Тоҷикистон барои терроризм маҳкум шуд

. / Ҳаводис

Дар Дюсселдорфи Олмон зодаи Тоҷикистон барои терроризм маҳкум шуд

Марди айбдор ба тарҳрезии амалҳои террористӣ дар Олмону Албания гуноҳи худро қисман эътироф кард.

Суди олии музофотии Дюсселдорф
Сурат: Deutsche Welle
Суди олии музофоти Дюсселдорф рӯзи сешанбе, 26 январ зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Deutsche Welle.
Бино ба маълумоти тафтишот, марди 31-сола содир намудани амалҳои террористиро дар Олмон ва Албания ҳамроҳ бо гурӯҳи террористӣ, ки ба он зодагони Тоҷикистон низ шомиланд, тарҳрезӣ карда буд.
Аз ҷумла ӯро дар иштирок ба суиқасди куштори сокини Нойс Амир Арабпур, ки аз дини ислом ба насронӣ гузашта буд ва дар шабакаи YouTube-и худ мусалмононро танқид мекард, айбдор донистанд. Инчунин нақшаҳои иштирок дар куштори тоҷире аз Албания бо мақсади маблағгузорӣ ба фаъолияти Давлати исломӣ низ аз ҷумлаи айбномаҳо буданд.
Айбдоршаванда қисман гуноҳи худро эътироф намуда, каме пештар аз содир шудани ҳукм иқрор шуд, ки “аз кори кардааш хеле пушаймон аст”. Прокуратура ҷазои 8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Дар ин мавод ному насаби маҳкумшуда зикр намегардад.
Ёдрас мекунем, ки 15 апрели соли гузашта чор нафар исломгароён аз Тоҷикистон дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт шуданд.
Онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд.
Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Равшан Б. нимаи моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардид.
Рӯзи 29 апрел ҳукумати Албания дар ҳамдастӣ бо Интерпол шаҳрванди Тоҷикистон - Комрон Зуҳуровро боздошт намуд, ки ӯро дар Олмон ба даст доштан дар омодакунии амалҳои террористӣ ва узвият ба гурӯҳи фаъолияташ мамнуи “Давлати исломӣ” гумонбар медонанд. Ӯро низ яке аз узви гурӯҳи Равшан Б. мешуморанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.